Афзоиши воридоти ангишти Русия ба Чин дар пасманзари таҳримҳои Ғарб
Бино ба гузориши “Reuters” дар моҳи ҷорӣ воридоти ангиш аз Русия ба Ҷумҳурии мадумии Чин 14% афзоиш ёфтааст, ки ин баландтарин нишондод дар 5 соли ахир гуфта мешавад. Акс: Интернет Манбаъ аз Хадамоти гумруки Чин хабар медиҳад, ки ин кишвар дар моҳи гузашта аз Русия 7,42 миллион тонна ангишт ворид кардааст. Ин баландтарин омри моҳона […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Бино ба гузориши “Reuters” дар моҳи ҷорӣ воридоти ангиш аз Русия ба Ҷумҳурии мадумии Чин 14% афзоиш ёфтааст, ки ин баландтарин нишондод дар 5 соли ахир гуфта мешавад.
Акс: Интернет
Манбаъ аз Хадамоти гумруки Чин хабар медиҳад, ки ин кишвар дар моҳи гузашта аз Русия 7,42 миллион тонна ангишт ворид кардааст. Ин баландтарин омри моҳона аз замони оғози оморигирӣ дар соли 2017 мебошад. Ин дар ҳолест, ки омори моҳи июли соли 2021 6,49 миллон тоннаро ташкил медод.
Пас аз ҳамлаи низомии Русия ба хоки Украина кишварҳои ғарбӣ барои ин ки Русияро водор кунанд, то ба ин ҷанг хотима диҳад, таҳримҳои зиёдеро ҷорӣ карданд, аз ҷумла аз хариди ангишти ин кишвар даст кашиданд. Гуфта мешавад, ин таҳримҳо Русияро водор кардааст, ки харидороне чун Чин ва Ҳиндустонро пайдо карда, барояшон маҳсулоти худро арзонтар бифурӯшад.
Тибқи гузоришҳо, дар охири моҳи июли соли ҷорӣ як тонна ангишти Русия бо сифати гармидиҳии 5500 килокалория (ккалория) тақрибан бо нархи 150 доллар ба фурӯш рафт, дар ҳоле ки бо ҳамин сифат ангишт дар бандари Нюкасли Австралия беш аз 210 доллар барои як тонна нархгузорӣ шудааст.
Русия барои камтар кардани таъсири таҳримҳои Ғарб талош дорад шарикони наве дар соҳаҳои иқтисодӣ ва низомӣ пайдо кунад. Дар ин робита моҳҳои ахир наздикшавии Русия бо Чин, Ҳиндустон, Эрон ва дигар кишварҳои Осиё мушоҳида мешавад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.