26.9 C
Dushanbe

Афзоиши воридоти ангишти Русия ба Чин дар пасманзари таҳримҳои Ғарб

Бино ба гузориши “Reuters” дар моҳи ҷорӣ воридоти ангиш аз Русия ба Ҷумҳурии мадумии Чин 14% афзоиш ёфтааст, ки ин баландтарин нишондод дар 5 соли ахир гуфта мешавад.

Манбаъ аз Хадамоти гумруки Чин хабар медиҳад, ки ин кишвар дар моҳи гузашта аз Русия 7,42 миллион тонна ангишт ворид кардааст. Ин баландтарин омри моҳона аз замони оғози оморигирӣ дар соли 2017 мебошад. Ин дар ҳолест, ки омори моҳи июли соли 2021 6,49 миллон тоннаро ташкил медод.

Пас аз ҳамлаи низомии Русия ба хоки Украина кишварҳои ғарбӣ барои ин ки Русияро водор кунанд, то ба ин ҷанг хотима диҳад, таҳримҳои зиёдеро ҷорӣ карданд, аз ҷумла аз хариди ангишти ин кишвар даст кашиданд. Гуфта мешавад, ин таҳримҳо Русияро водор кардааст, ки харидороне чун Чин ва Ҳиндустонро пайдо карда, барояшон маҳсулоти худро арзонтар бифурӯшад.

Тибқи гузоришҳо, дар охири моҳи июли соли ҷорӣ як тонна ангишти Русия бо сифати гармидиҳии 5500 килокалория (ккалория) тақрибан бо нархи 150 доллар ба фурӯш рафт, дар ҳоле ки бо ҳамин сифат ангишт дар бандари Нюкасли Австралия беш аз 210 доллар барои як тонна нархгузорӣ шудааст.

Русия барои камтар кардани таъсири таҳримҳои Ғарб талош дорад шарикони наве дар соҳаҳои иқтисодӣ ва низомӣ пайдо кунад. Дар ин робита моҳҳои ахир наздикшавии Русия бо Чин, Ҳиндустон, Эрон ва дигар кишварҳои Осиё мушоҳида мешавад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.