13.9 C
Dushanbe

Агар фармон аз “боло” бошад, фармон диҳед маро парронанд!”

Ҷунайдулло Худоёров, сокини ноҳияи Рашт ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри номаи кушод ба Президент, аз ӯ хостааст, ки пеши роҳи амалҳои ғайриқонунии мақомоти н.Рашт, ноадолатиҳову ришваситонии онҳоро бигирад.

Ӯ субҳи имрӯз 17-уми ноябр номаи кушодаро дар саҳифаи фейсбукии худ нашр карда, дар хитоб ба Президент мегӯяд, ҳар боре, ки ба уновни ӯ нома менависад, мақомоти маҳаллӣ мушкилоти наверо болояш эҷод мекунанд.

Ҷунайдулло Худоёров менависад, ки давоми соли ҷорӣ 5 ҷинояти нобахшиданӣ аз тарафи шахсони маълум болои хонаводаи онҳо сурат гирифтааст, аз ҷумла нисбати бародараш Фарҳод Худоёров ба ин хотир, ки ӯ раиси бахши ҲСДТ дар ноҳия буд, мақомот бо моддаи 307 КҶТ парванда кушоданд.

Инчунин бародарзодааш Алиризо Худоёровро куштанд ва бо вуҷуди муайян шудани қотилон онҳо боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, чун бо ришва раҳо шудаанд. Бар илова, модари 65-солаашро латукӯб карданд, аммо касе ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Болои ин ҳама, нисбати худи ӯ, модар ва бародараш парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд. Дар ҳоле, ки ҷинояткорон бо додани ришва дар озодиянд.

Ӯ иброз дошта, ки дар ин корҳо раиси собиқи ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо ва бародарзодааш Лоиқзода Сайидэҳсон ва мақомоти дигари ноҳия даст доранд.

Худоёров дар идома афзуда, ки ҳар кори ғайриқонуние мақомот мекунанд, онро аз номи “боло” анҷом медиҳанд ва мегӯянд, фармон аз “боло” аст. “Тавре ба ҳама маълум аст, боло Шумо ҳастед, оё Шумо ба ҳамин мақомоти интизомӣ фармонҳои ғайриқонунӣ медиҳед ё дурӯғ аз номи боло гап мезананд?”, – навиштааст Худоёров.

Ӯ мегӯяд, бовар надорад, ки “боло”, яъне Президент чунин фармонҳои ғайриқонунӣ диҳад, “вале агар мабодо фармони боло бошад фаромн диҳед омада дар бадани мани аз ҳаёт хаста даҳҳо дона тири Калашников зананд то аз шари ин мақомдорони фасодкор халос шавам, ки дигар тоби ин фишорҳо нест”.

Ахиран мақомоти н.Рашт нисбати модари 65-солаи Худоёров бо қисми 3-и моддаи 237 КҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд, ки ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро дар мавриди реша давондани беадолативу ришваситонӣ ва мустақил набудани додгоҳҳои кишвар ба бор овард.

Худи Худоёров дар ин маврид мегӯяд: “Оё як кампири 65-сола метавонад, ки баъди латукӯб шудану аз пой афтоданаш боз хеста як ҷавони 30-соларо латукӯб намоянд?”

_________________________________________

Матни комили муроҷиати Ҷунайдулло Худоёров ба Президент:

Номаи боз…

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аз номи Худоёров Ҷунайдуллоҳ Абдуллоевич шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини деҳаи Яшм ҷамоати деҳоти Боқи Раҳимзода н.Рашт

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар н.Рашт мақомоти интизоми тамоми қонунҳои мавҷударо таҷовуз намуда марзҳои инсониро убур карда фишору таъқиби мардҳоро ба итмом расонида инак навбат ба пиразанҳо расид…

Ман борҳо ба унвони шумо арзу шикоятҳо навиштам, вале ҳеҷ натиҷае надод. ҳар боре, ки ба унвони шумо чизе нависам як мушкилии ҷадид болоям эҷод менамоянд. Дар ҳамин соли 2021 Аз ҷониби мақомотҳои марбутаи давлати алайҳи хонаводаи мо 5-ҷиноят ва хиёнатҳои нобахшидани сурат гирифтааст..

1:Дар аввали соли ҷори кормандрни мақомоти раёсати КДАМ дар минтақа ва н.Рашт Бо исмҳои Сафаров Баҳром ва Ҳоким шахсон бо фармоиши собқ раиси н.Рашт Лоиқзода Қаноатшо ва бародарзодааш Лоиқзода Сайидэҳсон, ки нисбати мо хусуматҳои шахси доранд алайҳи бародари ман Худоёров Фарҳод парвандаи ҷинояти бидуни далелҳои шайъи бо қисми 2.и моддаи 307 “даъвати омави барои сарнагун намудани сохти конститутсионӣ” боз намудаан. Далелашон ҳамин, ки Фарҳод раиси созмони ҲСДТ дар минтақа ва н.Рашт мебошад.

2: Дар моҳи майи соли ҷорӣ бародарам Худоёров Саъдуллоро бозҳам ба фармоиши Лоиқзодаҳо дар боғи “фарҳангӣ ва фароғатии” шаҳраки Ғарм мавриди ҳамлаи як гурӯҳ қарор гирифт, ки дар натиҷа ба саломатиаш зарари миёнаи ҷисмони расонда шуда буд. Пракурори н. Рашт Кишварзода Абдурашид болои сухтаҳо намакоб пошида аз ҷинояткорон 30-ҳазор сомонӣ гирифта алайҳи бародари ман баъди аз 17 рӯзи ҷабрдида эътироф шуданаш парвандаи ҷиноятии бардурӯғ боз намуд, ки то ҳол ҳали худро пайдо накардааст.

3: Рӯзи 12 июли соли ҷорӣ бародарзодаам Алиризо Худоёров донишҷӯи курси дуюми донишкадаи омӯзгории Рашт аз ҷониби як гурӯҳи шахсон бар асари хусумати шахси бо маслиҳати пешаки ба шаҳодат расонида шуд. Дар ин қатл дасти кам 5-нафар бо шумули фармоишгар 6- кас даст доранд. Ҳамон рӯзи ҳодиса 5 нафаре, ки ҷиноятро якҷоя содир карда буданд дар асоси АРИЗА ва баёноти бародарам Худоёров Зубайдулло падари марҳум Алиризо боздошт шуданд, вале манбаи муътамад аз долони ШВКД оид ба хизматрасонии деҳоти Навобод гуфт, ки барои ман инсоният ва ҳақиқат аз ҳама дар ҷои аввал меистад ба мо хабарро расонид, ки худи ҳамон шаби аввале, ки куштор сурат гирифту ҷинояткорон боздошт шуда ба гуноҳашон иқрор шуданд Пракурори н.Рашт Кишварзода Абдурашид, Муовинаш Баховар, ва муфаттиши ШВКД Аҳёзода Билолу ва дигарон дар ШВКД-и Навободи н-Рашт ҷамъ шуда мисли бандаитҳо “СХОДКА” гузаронида бо соҳибони ҷинояткоро маслиҳат намуда барои саршавии кор 150000 сомони маблағи пули мегиранд ва фардои ҳамон рӯз гумонбаронро 4 нафарашонро ғайри қонуни аз ҷавобгарӣ озод мекунанду танҳо яктояшро бо моддаи 104 қисми 1 гунаҳкор меҳисобанду бас.

4: Ман яке аз даъвогарони барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани қотилон ва фармоишгари қатли бародарзодаам Алиризо Худоёров ҳастам. Вакте, ки Алиризо кушта шуд ман дар Тоҷикистон набудам. Баъди фаҳмидани ин хабар ба ватан баргаштам ва ба таҳқиқоту пурсуҷӯи ҳодиса шурӯъ намудам кори ман чунин натиҷа дод, ки қотили асоси Азимов Абдулло Мансурович, ки дар қатл гунаҳгори ашади мебошад ошкораш намудам ва талаби боздошташро кардам. Дар натиҷа ҳамаи чи будани кор рӯи об баромад, ва бояд се нафари дигар аз қотилон ва фармоишгар низ боздошт мешуданд зеро тамоми далелҳои шайъи вуҷуд доранд. Аз сабаби он, ки Паркурори н.Рашт дар ғайриқонунӣ ба ивази маблағ дар ҳаҷми калон озод намудани гумонбарон ҷиноят содир намудааст дар пушти кор истодагари намуда ба ҷинояткорон дастури “правактсия” дода ҳамарӯза онҳо дар кӯчаву паскӯча алайҳи хонаводаи мо дашному ҳақорат истеҳзо намуда кор ба ҷое расид, ки яке аз гумонбарони қатли бародарзодаам Алиризо бо номи Алишери Насриддин модари пири манро дар куча дар назди мардуми деҳа латукӯб намуда аз ҷои ҳодиса фирор карда буд. Дар он рӯзи тирамоҳи, ки ман барои шикастани ҳезум дар даст табар доштаму ба самти хонам мерафтам дар назди масҷид аз нафарони онҷо буда пурсидам, ки чаро модари манро он ҳайвон зад? Дар натиҷа боз ду шахси бо ман хусуматдошта вориди муноқиша шуданд. Ман аз номардии онҳо хуб бохабарам, ва чун онҳо ба муноқиша даромаданд ман табарро ба дасти кудаке дода ба хона равонаш намудам, ва касеро аз ҷумла Алишери Насриддинро ба чашм надида ва таҳдидҳам накардаам. Вале кормандони мақомоти милитсия ва пракуратура бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамдеҳагони ба ман хусуматдошта якҷоя шуда онҳоро шоҳид гузаронида алайҳи ман бо қисми 3-и моддаи 237 ғайри қонунӣ парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. Гӯё ман Алишери Насриддин нафареро, ки дар ҳамин ҷо дидагиаш нестам таҳдиду зуровари карда бошам. Нозирони минтақавии ҷамоати Боқи Раҳимзода ва шаҳраки Навобод дар онҷо шоҳиди аслии ҳодиса ҳастанд ва хуб аз сохта будани парванда огоҳанд. Ҳамаи ин парвандакушоиҳо бо он хотир ҳастанд то манро хап доронад, ки дигар даъвои ба ҷавобгарӣ кашидани қотилони бародарзодаам Алиризоро накунам.

5: Ман 100% пеши худам ва Худованд медонам, ки ягон ҷиноят содир накардаам, вале пракурори н.Рашт мехоҳад аз ман барри танқидҳоям аз Ӯ ва ошкор намудани ҷиноятҳояш қасос гирад, вале ман бошам як маротиба бо туҳмати ҳамин шоҳидони ташкилнамудаи пракурор Кишварзода ва ҷиянаш муфаттиши ШВКД-и Навобод Аҳёзода Билол 5 сол аз озоди маҳрум шуда будам. Ба ҳамин хотир ба ин тафтишоти дуруғин ва фармоиши ҳозир нашудам муфаттишони Милитсия барқасдона шоҳиди бардурӯғ ташкил намуданд, ки гӯё модари 65 солаи ман Алишери Насриддин қотили бародарзодаам Алиризоро латукӯб карда бошад ва алайҳи як модари ғамдида бо қисми 3-и моддаи 237 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.

Оё як кампири 65 сола метавонад, ки баъди латукӯб шудану аз пой афтоданаш боз хеста як ҷавони 30 соларо латукӯб намоянд?

Вақте, ки ман аз муфаттиши РВКД Фатҳуллоев пусидам, ки ин парвандакушоиҳои беасос чист? Дар ҷавоб гуфт, ки мо бояд дар ҳамин ҷанҷоли шумо нуқта гузорем… Оё нуқта гузоштан болои сухта намакоб рехтан аст? Ҳам фарзанди моро ба шаҳодат расониданд, ҳам модармона латукӯб намуданд ҳам бо тӯҳмат парвандаи беасос боз кардаанд ва мехоҳанд бо ҳамин нуқта гузоранд?

Не не боз ҳам не ин нуқтагузори нест, ин ба эҳсосоти мо бози кардан аст.

Ҷаноби президент!

Оё ҳамин амали мақомоти пракуратура ва милитсияи Н.Рашт нисбати як модари ғамдида аз рӯи инсофу одамгарист, ки ҳам фарзандашро ба қатл расонанд, ҳам латукӯбаш кунанд, ҳам тӯҳмат зада ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалбаш намоянд?

Ман намефаҳмам оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз ҳамин 4.ҷиноятпеша ва фасодкор дигар кадр намондааст, ки ивазашон намоед?

То ба кай бояд мо ҷиноятҳои инҳоро тоқат кунем?

Дар ҳамин соли 2021 метавонам даҳҳо ҷинояташонро инҷо корам, вале худи ҳамин парвандаҳои беасоси бознамудаашон ва ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани қотилони Алиризо Худоёров кофист, ки ин нафарони дар боло номбаршуда ба зиндон равона карда шаванд.

Ҷаноби президент!

Шумоҳам модар доште, ва умри хубеҳам дида болои нозу неъмат бо қазову қадари Илоҳи ҷон ба ҳақ супурд, вале Шумо то ҳол барояш партпет мебардопеду муҷассама ифтитоҳ мекунеду ашк мерезеду месӯзед, ва ин ҳаққи шумост чун модаратон аст. Аммо модари моҳам модар аст ва аз ҳеҷ модари рӯи замин камаш намедонам ӯро як нокас латукӯб намуд оё ман ҳақ надорам, ки аз нафаре, ки бо амри Илоҳи манро ба дунё овардааст ҳимоят намоям?

Чаро кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки худро пайрави сиёсатҳои Шумо меноманд инқадар ноадолатона рафтор мекунанд?

Амалҳои ғайриқонунӣ анҷом медиҳанд, ва вақте, ки мепурси чаро чунин кардед? Мегӯянд фармон аз боло аст!

Тавре, ки ба ҳамаи шаҳрвандон маълум аст боло Шумо ҳастед, оё Шумо ба ҳамин мақомоти интизомӣ фармонҳои ғайриқонунӣ медиҳед ё дуруғ аз номи боло гап мезананд ?

Ман бар инам, ки ин мақомдорон аз номи Шумо сӯистифода намуда об лой мекунанд ва моҳи медоранд.

Вале агар мабодо фармони боло бошад фаромн диҳед омада дар бадани мани аз ҳаёт хаста даҳҳо дона тири Калашников зананд то аз шари ин мақомдорони фасодкор халос шавам, ки дигар тоби ин фишорҳо нест..

Бас будагист аз номи боло сӯистифода намудан!

Як чиз ба назар мерасад, ки баъзе мақомдорони Рашт ба мисли Кишварзодаву Аҳёзода ва дигар фасодкорон корашон сиёҳ кардани ҳукумат ва роҳбарияти он дар назди халқ мебошад.

Хоҳиш менамоям сари роҳи ин беадолатиҳо гирифта шавад. Ба пракурори генералӣ супориш диҳед то қотилони ба ивази пора аз ҷониби пракурори н.Рашт Кишварзода Абдурашид озодгардида ба ҷавобгари кашида шаванд. Ва инчунин ба мақомоти милитсияи Рашт дастур диҳед парвандаҳои беасосро қатъ намуда фишору таъқиб нисбати хонаводаи моро хотима бахшанд.

Бо эҳтиром, Ҷунайдуллоҳ Худоёров сокини ноҳияи Рашт.

Аз идораи сомона: матлаби боло назари шахсии муаллиф буда, баёнгари мавқеъи Аздо тв нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...