Агентии омор мегӯяд сатҳи бекорӣ 2 дарсад аст, аммо мардум аз бекорӣ шикоят доранд

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи расмии бекорӣ 2.1%-и нерӯи кориро ташкил медиҳад. Дар ин бора “Sputnik” хабар додааст.

Агентии омор мегӯяд, шумораи бекороне, ки дар моҳи сентябр расман ба қайд гирифта шудааст, 50,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 49,2 %-и он занон мебошанд.  

Моҳи августи соли равон ба хадамоти шуғли аҳолӣ, барои дарёфти кор 7,4 ҳазор нафар муроҷиат кардааст, ки ин нишондод 1,9% бештар аз моҳи августи соли 2019 мебошад.

Агентии омор гуфтааст, ки ҷойҳои корӣ нисбат ба соли гузашта 2,1 % афзуда, ба 11 ҳазор расидааст.  

Агентӣ дар ҳоле аз набудани камбуди ҷойҳои корӣ мегӯяд, ки сокинон аз бекорӣ ба дод омадаанд. Рӯзи гузашта як идда сокинони ноҳияи Шаҳринав ба “Аздо тв” дар суҳбати телефонӣ аз зиёд шудани дуздӣ шикоят карданд ва мегуфтанд, ки ҷавонон ҳама бекоранд ва аз бекорӣ даст ба дуздӣ мезананд.  

Ба назари коршиносон оморе, ки Агентии омор додааст, ба воқеият наздик нест, чун вазъият нишон медиҳад, ки сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон афзуда истодааст. Аз сабаби пандемия коронавирус ва баста будани марзҳо бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, натавонистанд ба Русия барои кор сафар кунанд ва ин боис гашта, ки сафи бекорон дар дохили Тоҷикистон бештар шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов: Молу мулки муҳоҷирони афғонистонӣ дар анборҳо нигоҳдорӣ мешавад

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода мегӯяд, молу мулки...

Ду марзбони тоҷикро пас аз чаҳор рӯзи ҷустуҷӯ аз дарёи Панҷ пайдо карданд

Ҷасади ду марзбони тоҷик, ки чанд рӯз пеш дар...

Парадокс: бо вуҷуди баргашти бештари муҳоҷирон интиқоли пул дар ҳоли афзоиш аст

Дар ҳоле, ки солҳои охир бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик...

Виза, маҳдудиятҳои нав ва ихроҷи оилаҳои муҳоҷирон- чанд пешниҳоди нави Миронов

Роҳбари ҳизби "Справедливая Россия" ва вакили Думаи давлатӣ Сергей...