Виза, маҳдудиятҳои нав ва ихроҷи оилаҳои муҳоҷирон- чанд пешниҳоди нави Миронов

Роҳбари ҳизби “Справедливая Россия” ва вакили Думаи давлатӣ Сергей Миронов пешниҳод карда, ки сиёсати муҳоҷирати Русия нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ боз ҳам сахттар карда шавад. Ба иддаои ӯ, чораҳои пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” қабулшуда барои танзими муҳоҷират кофӣ нестанд.

Аз ҷумла, Миронов пешниҳод намуда, ки масъалаи ҷорӣ кардани низоми раводид (виза) бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шавад ё аз таҷрибаи Беларус дар ҷалби неруи кории хориҷӣ истифода гирад. Тибқи ин низом, корфармо бояд пеш аз ҷалби муҳоҷир исбот кунад, ки барои иҷрои кор аз миёни шаҳрвандони маҳаллӣ корманд пайдо нашудааст. Ҳамчунин, муҳоҷирон бояд танҳо барои иҷрои кори мушаххас ба Русия омада, ҳаққи овардани аъзои оилаашонро надошта бошанд.

Миронов инчунин аз қонуни ҳатмӣ шудани имтиҳони забони русӣ барои фарзандони муҳоҷирон ҳимоят кардааст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо 45 дарсади шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ворид мешаванд, бо мақсади кор меоянд, дар ҳоле ки 55 дарсади боқимонда бо сабабҳои дигар, аз ҷумла ҳамроҳи оилаҳои худ, вориди кишвар мешаванд.

Илова бар ин, вакил пешниҳод карда, ки ҷавобгарӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки ҷиноят содир мекунанд, боз ҳам сахттар карда шавад ва чунин афрод бояд мутобиқи қонун ба ҷавобгарии шадид кашида шуда, аъзои оилаҳои онҳо низ аз Русия ихроҷ гарданд.

Ҳамчунин Миронов пешниҳод намуд, ки рӯйхати соҳаҳои иқтисодие, ки фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар онҳо манъ аст, васеъ карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, чунин маҳдудиятҳо аллакай дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия амал мекунанд ва бояд дар сатҳи федералӣ низ ҷорӣ шаванд.

Ӯ инчунин аз зиёд будани шумораи муҳоҷирон дар толорҳои муҳорибаҳои омехта (ММА) изҳори нигаронӣ карда, гуфта, ки ин масъала барои ӯ боиси нигаронӣ мебошад ва суол додааст, ки муҳоҷирон ба чӣ омодагӣ мегиранд.

Гуфта мешавад, ҳизби “Справедливая Россия – За правду” бо раҳбарии Сергей Миронов муаллифи чандин тарҳи қонунҳои зидди муҳоҷирӣ буда, зуд-зуд масъалаи ҷорӣ кардани низоми раводид (виза) бо кишварҳои Осиёи Марказиро пешниҳод мекунад, аммо то ҳол дар қабули он муваффақ нашудааст.

Ҳоло дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, бо ин баҳона чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардидаву ҳамарӯза дар ин кишвар рейди зидди муҳоҷирон баргузор мегардад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар вазъи муҳоҷирон пас аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус”, ки гумонбаронашон муҳоҷирон мебошанд, каме бадтар шуда буд, сиёсатмадорон, бахусус вакилон фазои бадтареро бо суханрониҳои худ ба вуҷуд овардаанд.

Соли 2026 дар Русия интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва ҳизбҳое, ки то ҳол намояндагии маҳдуд дар Дума доранд, мисли “Справедливая Россия — За правду” талош доранд аз ин фазои бавуҷудоварда дар Русия истифода намуда, шумори курсиҳои худ дар парлумонро бештар кунанд. Пешниҳод кардани ташаббусҳое, ки бо маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон вобастаанд, барои онҳо роҳест, то дастгирии он қисми интихобкунандагонеро ба даст оваранд, ки аз сиёсати шадидтар дар соҳаи муҳоҷират ҷонибдорӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.