8.9 C
Dushanbe

AI: ИМА бояд масъалаи ҳуқуқи инсонро бо раҳбарони кишварҳои ОМ ба миён гузорад

Дар арафаи саммити C5+1, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро мизбонӣ мекунад, Amnesty International бо нашри изҳороте аз сиёсатмадорони амрикоӣ даъват намуд, то масъалаи риояи ҳуқуқи инсонро дар меҳвари гуфтугӯҳояшон қарор диҳанд.

Дар ин изҳорот, ки 5-уми ноябр нашр шудааст, гуфта мешавад, дар пасманзари рушди авторитаризм дар Осиёи Марказӣ саммити мазкур имкониятест барои баррасии саркӯби озодии ВАО ва фазои шаҳрвандӣ минтақа ва бояд Президенти ИМА Доналд Трамп роҳбарони Осиёи Марказиро даъват кунад, то ба рияои ҳуқуқи инсон рӯ оваранд.

Директори бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Amnesty International USA Бен Линден бар ин бовар аст, ки саммит имконият ва озмоишест барои Иёлоти Муттаҳида, то нишон диҳад, ки метавонад нақши мусбат дар соҳаи ҳуқуқи инсон бозад ва интизорие, ки гӯё ин вохӯрӣ танҳо хусусияти тиҷоратӣ дорад, рад намояд.

Ба гуфтаи Amnesty International, дар саросари Осиёи Марказӣ саркӯби мухолифон ва маҳдуд кардани озодиҳои инсонӣ идома дошта, бо назорати сахт бар расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомот озодии баён ва ҷамъомадҳоро маҳдуд кардаанд ва садои рӯзноманигорон хомӯш шудаву созмонҳои ғайриҳукуматӣ маҷбуран баста шудаанд.

Дар ин изҳорот барои намуна аз поймол шудани ҳуқуқи инсон, ба 28 сол зиндон маҳкум шудани вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров дар Тоҷикистон оварда шудааст.

Директори бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Amnesty International ҳамчунин гуфтааст, ки агар президент Трамп мавзуи ҳуқуқи инсонро дар миён нагузорад, пас, бояд аъзои Конгресс аз роҳбарони Осиёи Марказӣ талаб кунанд, то 2 ҳамла ба ҷомеаи шаҳрвандиро бас кунанд.

Ба гуфтаи Линден, хомӯшӣ дар ин маврид ба маънои чароғи сабз нишон додан ба ҳукуматҳои минтақа аст, ки бидуни ҷазо дидан ба саркӯб идома диҳанд ва сиёсатмадорони амрикоӣ бояд мақомоти Осиёи Марказиро ба риояи ҳуқуқи башар ва эҷоди фазои мусоид барои кори озодонаи ҷомеаи маданӣ водор кунанд.

Ҳамчунин дар изҳорити ин созмони ҳуқуқӣ гуфта мешавад, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд лоиҳаҳои истихроҷи маъданҳои муҳими стратегиро густариш диҳанд, ки ин мавриди таваҷҷуҳи маъмурияти Трамп қарор дорад ва бояд Конгресс назорати созишномаҳои эҳтимолии саммитро таъмин намуда, мақомоти давлатӣ бояд бо ҷомеаҳои маҳаллӣ машварат кунанд ва нигарониҳои онҳо дар бораи муҳитзист ва ҳуқуқи инсонро ба назар гиранд.

Ёдовар мешавем, ки 6-уми ноябри соли 2025 дар Вашингтон саммити C5+1 бо иштироки роҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА баргузор мегардад. Дар рӯзномаи он энергетика, сармоягузорӣ ба маъданҳои муҳими стратегӣ, роҳҳои тиҷоратӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ ҷой доранд.

Пеш аз Amnesty International созмонҳои ҳуқуқӣ ва гурӯҳе аз мухолифони тоҷик низ аз Амрико даъват карда буданд, ки дар мулоқоташ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзуи ҳуқуқи инсонро ба бахши калидии ин нишаст табдил диҳад.

Ҳамчунин аз Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА хоста буданд, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишорҳо ва саркӯбиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро матраҳ намуда, ба озод намудани фаврии зиндониёни сиёсӣ даъват кунад ва барои оғоз намудани муколамаи байналмилалӣ доир ба раванди сиёсати осоишта ва фарогир дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

Аммо то ҳанӯз маъулум нест дар ин нишаст Доналд Трамп аз вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ хоҳад гуфт ё на.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.