26.9 C
Dushanbe

Ақиб гард, мепарронам! Таҳдиди низомиён дар Бадахшон

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони низомӣ ҳангоми шаб дар кӯчаҳо гашта мардумеро, ки аз он ҷойҳо мегузаранд, бо силоҳ таҳдид мекунанд.

Шаби 17 ба 18-уми январ корбаре дар Фейсбук бо номи Dobryak Iz Pamira наворе нашр кард, ки дида мешавад, мақомоти амниятӣ бо силоҳ ба сӯи мардуми осоишта таҳдид мекунанд.

Гуфта мешавад, ин воқеа шаби 15-уми январ дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ ба навор гирифта шудааст. Ва он шаҳрвандоне, ки ба сӯяшон силоҳ кашида шудааст, мегӯянд, аз бемористон баргаштаанду ба хонаҳояшон мераванд. Аммо як нафари низомипӯш ба сӯи онҳо оташ кушоданӣ мешавад.

Ҳамчунин аз навор шунида мешавад, ки он нафари низомии силоҳбадаст бо таҳдид мегӯяд, ки силоҳро омода кардааст ва мепарронад. Аммо нафари ҳамроҳаш ҳарчанд талош мекунад ӯро ором кунад, вале ӯ бо таҳдид ба сӯи мардуми осоишта оташ кушоданӣ мешавад.

То ҳол ҷузъиёти ин хабар нашр нашудааст. Бо расидани тозатариин маълумот дар ин маврид онро нашр хоҳем кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Як соҳибкор ба хотири писараш боздоштгоҳи нав сохт

Як соҳибкори маҳаллӣ аз Истаравшан пас аз дидани вазъи фарзанди боздоштшудааш, як боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и наве сохта ба мақомот додааст.

Дар интихоботи Маҷористон ҳампаймони Амрико шикаст хӯрд

Виктор Орбан, "дӯст"-и Путин ва Трамп дар интихоботи парлумонии Маҷористон шикаст хӯрд.

Боздошти як зани овозхон бо итиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз боздошти як зани овозхон хабар дод, ки дар ҷиноятҳои шаҳвонӣ гумонбар дониста мешавад.

Ҷанги Амрико ва Эрон: Аз аҳдофи нотамом то музокироти ноком

Эъломи оташбаси дуҳафтаӣ дар миёни Амрико ҳамроҳ бо Исроил ва Эрон ва нокомии даври аввали музокирот байни ҷонибҳо абъоди тозаеро ба вуҷуд овардааст.