Рӯзи 26-уми апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар Ватикан бо попи Рум, Франсиск ва Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, ҷонибҳо дар мавриди таҳкиму густариши ҳамкориҳо ва оғози марҳалаи нави инкишофи муносибатҳо гуфтугӯ кардаанд.
Раҳмонов дар ин мулоқот иддао кардааст, ки дар Тоҷикистон “тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд.
Ҳамзамон Раҳмонов ба Франсиск гуфтааст, ки саҳми доимии ӯ дар сулҳу субот, таҳаммул ва ҳамоҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст.
Гуфта мешавад, Попи Рум дар Тоҷикистон намояндаи худро дорад.
Дар аксҳое, ки сомонаҳои ҳукуматӣ нашр кардаанд, дар баробари Раҳмонов ва ҳайати расмиаш, духтар ва домоди раисҷумҳур, Рухшона Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Шамсулло Соҳибов, раҳбари ширкати монополист “Фароз” дида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи 22-уми апрел бо сафари расмӣ дар Италия қарор дорад. Зимни сафараш Раҳмонов бо президент ва сарвазири ин кишвар мулоқот карда, 7 санади нав ба имзо расондаанд.
Мухолифони тоҷик дар назди намояндагиҳои Италия дар кишварҳои аврупоӣ алайҳи сафари ӯ гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Аъзои “Гурӯҳи 24” хостанд дар шаҳри Рум низ эътироз кунанд, аммо аз ҷониби пулиси Италия барои 26 соат боздошт гардида буданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба яке аз кишварҳои аврупоӣ ва демократӣ сафар кард, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳоҳукумати Тоҷикистонро худкома номида, ӯро барои поймолкунии ҳуқуқу озодҳои мардум, набуди озодии баён ва вуҷуди садҳо зиндонии сиёсии дар кишвар, танқид мекунад.
Ҳамзамон мухолифони тоҷик пеш аз сафари ӯ ба ин кишвари аврупоӣ бо нашри изҳороте аз мақомоти Италия ва дигар кишварҳои Аврупо хоста буданд, ки президенти худкома ва диктаторро пешвоз нагиранд ва мисли дигар прездиентҳои кишварҳои ИДМ алайҳи ӯ низ таҳрим ҷорӣ кунанд.