3.9 C
Dushanbe

Ғалабаи нави Нурулло Алиев дар UFC

Размикори тоҷик Нурулло Алиев дар нахустин мусобиқаи UFC дар соли 2025, ки дар Лас-Вегаси ИМА баргузор шуд, бар рақиби худ пирӯз гашт.

Дар қувваозмоии вазни сабук, ӯ бо Ҷо Солецкии амрикоӣ мубориза бурд. Мубориза се марҳила (ронд) идома ёфт ва дар охир, бо қарор ҳакамон Алиев ғолиб шуд. Ин ғалаба барои Нурулло Алиев 10-умин пирӯзӣ вай дар риштаи Ҳунарҳои размии омехта аст ва ӯ то ҳол дар “карераи” касбии худ шикастнопазир боқӣ мемонад.

Бар хилофи Алиев, Ҷо Солецки дар 19 мусобиқаи худ шаш маротиба шикаст хӯрада, 13 маротиба пирӯз шудааст. Ғалабаи Нурулло Алиев мавқеи ӯро ҳамчун яке аз умедбахштарин муборизони вазни сабук дар UFC мустаҳкам кард.

Нурулло Алиев, варзишгари маъруфи тоҷик 16-уми октябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, устоди варзиши Тоҷикистон дар куштии озод ва самбои размӣ мебошад. Алиев инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи панкратион аст. Қадаш 1,78 метр, вазнаш 70 кг аст. Вай дар мусобиқоти UFC бо лақаби “Tajik Eagle” (Уқоби тоҷик) шуҳрат дорад.

Дар айни замон Тоҷикистонро чаҳор размикори варзида дар UFC намояндагӣ мекунанд, ки ду нафари дигари онҳо низ ба зудӣ дар рақобатҳо иштирок хоҳанд кард.

18-уми январ Муин Ғафуров (19-6, UFC 1-2) дар мусобиқоти UFC 311 бо размикори ҷопонӣ Риня Накамура (9-0, UFC 3-0) барои қувваозмоии навбатии худ рӯбарӯ мешавад.

1-уми феврали соли ҷорӣ Муҳаммад Наимов (UFC 3-1, 11-3) дар мусобиқоти UFC Fight Night 250, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, бо размкори австралиягӣ Каан Офли (UFC 0-1, 13-3-1) қувваозмоӣ хоҳад кард. Размкори дигари тоҷик Лоиқ Раҷабов то ҳол рақиби нав надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳҳо парванда ба иттиҳоми “фасодкорӣ” барои кормандони ниҳодҳои давлатӣ

Дар робита ба дуздии миллионҳо сомонӣ аз будҷети Вазорати дифоъ, ки соли гузашта рух дода буд, нисбати 26 корманди давлатии дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қатли ду зодаи Осиёи Марказӣ дар пайи “амалиёт” дар Русия

Хадамоти амнияти Федералӣ (ФСБ)-и Русия аз пешгирии як ҳамлаи теруристӣ дар вокзали шаҳри Псков хабар дод.

Хабари боздошти Идибеки Бохтарӣ тасдиқ шуд

Додгоҳи шаҳри Бохтар боздошти Идибеки Мардон, маъруф ба "Идибеки Бохтарӣ"-ро, ки яке аз мубаллиғони ашаддии Ҳукумат дониста мешуд, тасдиқ кард.

Ҳукми зиндони даҳҳо нафар бо иттиҳоми амали террористӣ дар ҷашни “Наврӯз”

Додситони кулли Тоҷикистон даҳҳо шаҳрвандро бо иттиҳоми нақшаи анҷоми амали террористӣ дар маросими ҷашни Наврӯз 2024 боздошт кард.