13.9 C
Dushanbe

Алексей Навалний баъд аз бозгашт дар фурудгоҳи Шереметево боздошт шуд

Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи Русия пас аз 5 моҳи муолиҷа шоми 17-уми январ аз Олмон ба Маскав баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Шереметево дастгир карданд. Ба вакили мудофеаш иҷозат надоданд, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад.

Бино ба гузориши хабаргузории “Интефакс”, Хадамоти Федеролии зиндонҳои Русия (ФСИН) боздошти сиёсатмадори 44-соларо тасдиқ кардааст. Мақомот гуфтаанд, ӯ аз рӯзи 29-уми декабри соли гузашта таҳти ҷустуҷӯ буд.

29 декабри соли 2020 Хадамоти Федеролии зиндонҳои Русия Навалнийро ба рӯйхати таҳти ҷустуҷӯ дохил кард ва гуфта буд, ки ӯро боздошт мекунад. Даъвоҳо алайҳи Навалний ба нақзи ӯҳдадориҳои ҳукм дар “парвандаи Ив Роше” вобастагӣ доранд.

Навалний чанд лаҳза пеш аз боздошт бо хабарнигорон суҳбат дошт ва гуфт, аз бозгашт ба Русия “хушҳол аст” ва бовар дорад, касе ӯро дастгир намекунад.

Дар ҳамин ҳол кишварҳои Аврупо ва иёлоти муттаҳида ба боздошти Алексей Навалний вокуниш карданд.

Аз ҷумла Олмон эълон кард, ки дар сурати раҳо нашудани Навалний метавонад тамоми муомилот бо Русия, аз ҷумла хати интиқоли барқи “Северний поток”-ро бозбинӣ кунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико бо нашри як баёния хостори “озодии фаврӣ ва бе қайду шарт”-и ӯ шуд ва таъкид кард, ки мушкили Русия Навалний нест. Пампео ин амалкарди Русияро “хомӯш кардани Навалний ва дигар чеҳраҳои мухолиф ва садоҳои мустақиле” донист, ки аз мунтақидони ҳукумати Русия ҳастанд.

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Ҷо Байден дар “Твиттер” навишт, “ҳамлаи Кремлин ба оқои Навалний танҳо як мавриди нақзи ҳуқуқи башар нест, балки тавҳин ба мардуми Русия аст, ки мехоҳанд садояшон шунида шавад”.

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо боздошти ин чеҳраи мухолифро “ғайри қобили қабул” хонд ва хостории озодии фаврии ӯ шуд. Оқои Мишел дар «Твиттер» навишт, “боздошти Алексей Навалний ҳангоми вуруд ба Маскав, ғайри қобили қабул аст. Ман аз мақомоти Русия мехоҳам, ки ӯро бе таъхир озод кунанд”.

Латвия, Литва ва Эстония — се кишвари минтақаи Балтика бо нашри баёнияи муштараке аз ин амалкарди Маскав интиқод карданд. Мақомоти кишварҳои Фаронса, Италия, Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон низ боздошти Алексей Навалнийро маҳкум намуданд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар посух ба изҳороти кишварҳои ғарбӣ дар бораи боздошти Алексей Навалний дар Шереметево, ба сиёсатмадорони хориҷӣ тавсия дод, ки қонунҳои Русияро эҳтиром кунанд ва бо мушкилоти кишварҳои худашон расидагӣ кунанд беҳтар аст.

Вакили мудофеи Алексей Навалний, Вадим Кобзев имкони боздошти ин мухолифро ҳангоми бозгашт ба Русия истисно накарда буд. Ҳамзамон, вай қайд кард, ки дар сурати боздошт, Навалний бояд озод карда шавад.

Дар Олмон Навалний тақрибан панҷ моҳ табобат гирифт. 20 августи соли гузашта ӯ ҳангоми парвоз аз Томск ба Маскав заҳролуд шуд. Ӯро дар ҳолати кома дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи Омск бистарӣ карданд ва сипас ба клиникаи “Charite” дар Берлин интиқол доданд.

Санҷишҳо дар Олмону Фаронса ва Шветсия тасдиқ карданд, ки ӯ бо заҳри навъи “Новичок” заҳролуд карда шудааст. Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар ташкили ҳамла айбдор кард, аммо Кремлин иттиҳомро рад намуд.

Бо вуҷуди ин, дар рӯзҳои охир таҳқиқоти муштараки чанд расонаи хабарӣ ва сомонаҳои тахассусии бритониёӣ нишон дод, ки Хадамоти Федеролии Амнияти Русия (ФСБ) дар заҳролуд кардани Навалний даст доштааст.

Қарор буд ҳавопаймое, ки Алексей Навалний дохили он аст, дар фурудгоҳи Внуковои Маскав нишинад, вале ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметево нишаст. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Алексей Навалний аз ин кори мақомоти Русия барои тағйири ҷойи нишасти ҳавопаймо сахт танқид кард ва аз мусофирон узр пурсид.

Дар ҳамин ҳол, пулиси зидди шӯриши Маскав чанде аз дӯстону ҳамкорони Навалнийро, ки барои пешвозаш ба фурудгоҳи Внуково ва Шереметево рафта буданд, боздошт кардааст. Дар миёни онҳо Любов Собол ва Руслан Шаведдинов, кормандони “Бунёди мубориза бо фасод”, Влад Докшин, хабарнигори нашрияи “Новая газета” ва Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки Самариддин Раҷабовро тобистони соли 2019 дар ҷараёни эътирозҳои мухолифон барои роҳ наёфтани номзадҳои мустақил ба интихоботи маҷлиси Маскав дастгир карда буданд. Вайро барои кӯшиши истифода аз зӯр алайҳи мақомот муттаҳам карданд. Самариддин Раҷабов ва ҳамроҳонаш ин айбро рад намуданд.

Баъдан Додгоҳи ноҳияи Мешанскийи Маскав рӯзи 24-уми декабр зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро, ки ним сол боз дар боздошт буд, 100 ҳазор рубл ҷарима баст ва аз толори додгоҳ озод кард. Пештар додситон барои ӯ 3,5 сол маҳрумият аз озодиро талаб карда буд.

Раҷабов субҳи имрӯз дар назди биное, ки онҷо мурофиаи Навалний баргузор мешуд, дида шуд ва ӯ ба хабарнигорон мусоҳиба медод.

Дар робита ба мавзӯи боздошти Навалний Вакили Думаи давлатӣ Антон Горелкин мутмаин аст, ки боздошти Алексей Навалний, ​​ки аз Олмон баргашт, боиси тазоҳуроти оммавӣ дар Русия нахоҳад шуд, зеро аксари русҳо аз ин мухолифи Путин ноумед шудаанд ва ин мавҷи эътирозҳое, ки боздошт ва баргашти Навалний ба бор овард, бо ҳештегҳо дар Фейсбук маҳдуд хоҳад шуд.

Алексей Навалний дар мавриди фасоди идорӣ ва молии мақомоти Русия чандин таҳқиқот анҷом додааст. Аз ҷумла, ӯ ошкор кардааст, ки ширкатҳои наздик ба президенти Русия Владимир Путин тиҷоратҳои бузургро дар даст доранд.

Ёдовар мешавем, ки ба ин монанд чунин ҳодисае низ дар Тоҷикистон рух дода буд. Зайд Саидов, собиқ Вазири саноати ҶТ 19 майи соли 2013 баъди бозгашташ аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Агарчи Зайд Саидов мухолифи ошкорои ҳукумати Раҳмон набуд, вале боздошти ӯ замоне сурат гирифт, ки ӯ эълони ташкили ҳизби ҷадидеро бо номи “Тоҷикистони нав” карда буд.

25-уми декабри ҳамон сол бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Соли 2015 ӯро дар мурофиаи дигар ба сохтакории ҳуҷҷат, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз айбдор ва 3 соли дигарро ба ҳукми зиндонаш илова карданд.

Тобистони соли 2018 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хулосаи 12-саҳифаӣ гуфт, ки дар қазияи Зайд Саид чандин муқаррароти Паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ нақз шудааст.

Дар хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башар аз мақомоти тоҷик тақозо шуда буд, ки Зайд Саидовро озод кунанд ва дар ҳолати зарурат, мурофиаи ӯро ба тарзи одилона баргузор намоянд. Аммо Додситонии кулл ахиран гуфт, ки Зайд Саидов то адои ҳукми додгоҳ озод нахоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.