30.9 C
Dushanbe

Ализода раиси Шӯрои ВАО шуд

Ҳуринисо Ализода, журналисти шинохтаи тоҷик раиси Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд.

Акс аз сомонаи Азия Плюс

Имрӯз, 24-уми декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи (ВАО) Тоҷикистон баргузор гардида, хонум Ҳуринисон Ализода раиси нав интихоб шуд.

Хонум Ҳуринисо Ализода дар ин мансаб Бахтиёр Ҳамдамов, сардариби “Минбари Халқ”-ро иваз кард. Хонум Ализода пас аз хонум Шаҳло Акобирова дувумин бонуест, ки дар раъси ин созмон интихоб мешавад.

Гуфтанист, ин созмон соли 2009 фаъолияти худро дар Тоҷикистон бо раҳбарии проффессор Иброҳим Усмонов оғоз карда, сипас ҳар ду сол раҳбарони худро иваз мекунад ва ба ин тартиб устод Қироншо Шарифзода, Зинатулло Исмоилов, Нуриддин Қаршибоев ва Хуршеди Атовулло ҳам дар гузашта аз раҳбарони ин созмон будаанд, аммо пас аз ҳодисаҳои сентябри соли 2015 то рафт фаъолиятҳои ин созмон ва дигар ташаккулҳои журналистӣ дар кишвар камрангтар шуданд.

Дар замони раҳбарии Бахтиёр Ҳамдамов дар ин Шӯро кори он то ҷое расида, ки охирин матлаби он дар сомонаи расмиаш 5-уми майи соли ҷорӣ, яъне 8 моҳ пеш нашр шудааст.

Шӯрои ВАО – ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии васоити ахбори омма буда, фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, Оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ба амал мебарорад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.