Толибон интизори онро доранд, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нахустин шуда, Иморати исломии Афғонистонро ба расмият бишносад.

Бино ба иттилои расмӣ, 5-уми декабри соли 2022 Президенти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вазири дифои миллии Афғонистон бо раҳбарии Толибонро дар Абузабӣ ба ҳузур пазируфт.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи расмии Толибон мегӯяд, мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, вазири дифои миллии кишвар шоми гузашта бо шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳаён, амири Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар қасри шоҳии аш-Шотӣ дар Абузабӣ дидор кард."
Ба гуфтаи ӯ, "дар ин дидор мақомоти ҳар ду кишвар рӯи густариши равобит ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва баъзе аз масоили муҳимми дигар баҳс ва табодули назар намуданд."

Гуфта мешавад, аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар 15-уми августи соли 2021 дар Афғонистон ин нахустин бор аст, ки намояндаҳои онҳоро ба таври расмӣ дар қасрҳои президентӣ ва он ҳам дар сатҳи раҳбари олии як кишвар қабул мекунанд.
Бо вуҷуди он ки Покистон ва Қатар аз ҳомиёни сиёсии Толибон ҳастанду солҳост ба хотири ба расмият шинохтани онҳо дар дунё лоббигарӣ мекунанд, вале ҳеч куҷое ба сурати расмӣ аксу наворҳои онҳо нишон дода нашудааст, ки як намояндаи онҳо ба мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб мулоқотҳое дар чунин сатҳи олӣ дошта бошад.
Биноан, пас аз ин мулоқот ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нахустини кишваре дар дунё хоҳад буд, ки ҳукумати Иморати исломии Толибонро ба расмият бишиносад.