24.9 C
Dushanbe

Паёми таслияти Раҳмон ва мухолифин ба мардуми Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи изҳори тасаллӣ ба Алии Хомании, Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, ҳамдардии худро ба мардуми Эрон баён кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 20-уми майи соли 2024, Президенти Тоҷикистон дар ин номаи худ ба Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон гуфтааст, ки “хабари даргузашти фоҷеавии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш боиси андуҳи гарони мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.”

Эмомалӣ Раҳмон, таъкид кардааст, ки “дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем” ва ҳамзамон “ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем.”

Ҳамзамон Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар хориҷ бо нашри изҳороте ба раҳбарият ва марудми Эрон таслият гуфтааст. Дар изҳороти ПМТ чунин омадааст: “Паймони Миллии Тоҷикистон аз ба вуқуъ пайвастани ин ҳодисаи нохуш, ки дар натиҷаи он раисҷумҳур, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар мақомдорони Эрон қурбон шуданд хеле андӯҳгин шуда ба хонаводаи мӯҳтарами қурбониён изҳори ҳамдардӣ карда ба онҳо сабри ҷамил хоҳон аст.

Инчунин ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” низ бо нашри изҳороте дар сомонаи худ даргузашти Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонашро ба мардуми Эрон таслият гуфтааст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимиро нисбати ин талафот ба тамоми мардуми Эрон ва наздикони даргузаштагон баён медорад. Мо аз даргузашти Иброҳими Раиси ва ҳамроҳонаш, бисёр андӯҳгин ва мутаассирем. Дар ин фоҷеаи бузург мо ба аҳли хонавода, азизон ва мардуми Эрон ғамшарикем.“, омадааст дар изҳороти ин гурӯҳи сиёсии мухолифони тоҷик.

Бар асоси манобеи мақомоти расмии Эрон ва расонаҳои ин кишвар чархболи ҳомили Иброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳангоми парвоз ба самти Табрез дар минтақаи Варзақон бар асари шароити нохуби боду ҳаво суқут кардааст ва аз зуҳри дирӯз то соатҳое аз шаб ҷутстуҷӯҳо идома дошт ва дар ниҳоят ҳайти имдодгарон ба сахтӣ ба ҷои суқути чархбол расиданд ва субҳи имрӯз мақомоти эронӣ ба сурати расмӣ хабари вафоти онҳоро эълон карданд.

Дар вақти сонеҳа ҳамроҳи раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ инчунин Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Молик Раҳматӣ, устондори Табрез, Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Оли Ҳошим, имомҷумъаи Тарбез, раиси ягони ҳифозати раисҷумҳур ва халабонҳо ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, субҳи рӯзи 19-уми май Иброҳим Раисӣ дар сафари якрӯза ба устони Озарбойҷони Шарқӣ бо Илҳом Алиев, президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дидор карда, сарбанди “Қизқалъаси”-ро, ки бо ҳамкории ду кишвар бар рӯдхонаи марзии Орас сохта шуда буд, ифтитоҳ карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.