24.9 C
Dushanbe

Ҳамлаи Исроил ба калисое дар Ғазза

Нерӯҳои артиши Исроил ба ягона калисои масеҳиёни ортодокс, ки дар Ғазза вуҷуд дорад, ҳамла карда, даҳҳо нафар аз паноҳҷӯёнро ҳадаф қарор додаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 17-уми июли соли 2025 артиши Исроил ҳамлаҳои тупхонаӣ ва ҳавоии худро алайҳи Навори Ғазза шиддат бахшида, дар натиҷа то кунун дасти кам 29 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд.

Ба қавли расонаҳо, дар рафти ин ҳамлаҳо, бархе тонкҳои исроилӣ ба сурати мустақим ба ягона калисои масеҳиёни ортодокс, ки дар Ғаззаро ҳамла карда, дар натиҷа ду паноҳҷӯи занро кушта ва 4 каси дигар, аз ҷумла яке аз масъулони онро ҳам маҷрӯҳ кардаанд.

Аз сӯи дигар вазири корҳои хориҷии Итолиё бо нигаронӣ аз ин ҳамла гуфтааст, ки “ҳамлаҳои артиши Исроил болои сокинони осоишта дар Навори Ғазза пазируфтанӣ нест, ва ҳеҷ тавҷеҳе ҳам надоранд.” Раҳбари котуликҳои ҷаҳон низ бидуни он, ки аз Исроил ном бибарад, хабари марги онҳоро “ҳузновар” гуфта, хостааст, ки ҷанг алайҳи Навори Ғазза ба сурати фаврӣ қатъ карда шавад.

Ҳамзамон мақомоти исроилӣ тайи беш аз 4 моҳи ахири вуруди кумакҳои башардӯстона, дорӯ ва дигар лавозимоти беҳдоштиро барои сокинони Ғазза манъ кардаанд. Инчунин дигар кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла обу нон ва дигар маҳсулоти ниёзҳои аввали мардумро ҳам ба ин минтақа маҳдуд кардааст.

Дар Навори Ғаззаи Фаластин, ки аксари сокинони он мусалмон ҳастанд, дигар аққалиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла масеҳиёни ортодокс низ зиндагӣ мекунанд ва дар ин шабу рӯзҳои ҷанг ҳудуди 400 нафар аз онҳое, ки хонаҳояшон вайрону валангор шудаанд, ба ин калисо панаҳ овардаанд.

Гуфтанист, Исроил 8-уми октябри соли 2023 ҳамлаҳои навбатии худ алайҳи Навори Ғаззаро оғоз карда, то ҳол идома доранд. Дар натиҷа, тайин ин муддат наздик ба 60 ҳазор нафар аз фаластиниён, ки теъдоди аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, кушта шуда, зиёда аз 250 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти фаластинӣ дар Навори Ғазза теъдоди касоне, ки зери оворҳо мондаанд ва ё нафароне, ки бар асари бомбборонҳои шадид беномунишон гаштаандро ба даҳҳо ҳазор нафар баробар арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сӯистифодаи ҳизби ҳоким аз моликияти давлатӣ

Ҳизби Халкӣ Демократии Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз...

Дар Душанбе ҷаласаи кумитаи тадорукоти форуми “Dushanbe Invest-2025” баргузор гардид

16-уми июли соли 2025 Дар пойтахти Тоҷикистон таҳти раёсати...

Мақомот: Муҳоҷирони афғон хоки Тоҷикистонро тарк кунанд

Бо шиддат гирифтани раванди ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ дар кишварҳои...

Ҳамалоти шадиди Русия ба Донетск

Бар асари ҳамлаҳои бомдодии Русия алайҳи Украина дар шаҳри...