Исроил бо ҳамлаи мушкаӣ мақарри Садо ва симои Эронро мавриди ҳамла қарор дод. То ҳол талафоти ин ҳамла гузориш нашудааст.
Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, лаҳзаи таркиш ва ҳамла дар сабти мустақимро нишон медидҳад.
Соате пеш артиши Исроил эълон карда буд, ки ба Минтақаи 3-и Теҳрон, ки онҷо Садои ва симои Эрон ҷойгир аст, ҳамла хоҳад кард ва аз сокинони он хост минтақаро тарк кунанд.
Теҳрон ба 22 минтақа тақсим мешавад ва Минтақаи 3 дар шимолу шарқии Теҳрон ҷойгир буда, аз бузургтарин ва сераҳолитарин маҳалҳои пойтахти Эрон маҳсуб мешавад. Аҳолии ин минтақа беш аз 330 ҳазор нафар гуфта мешавад.
Ба назари таҳлилгарон, ҳамлаи Исроил ба бинои Садо ва симои Эрон баёнгари он аст, ки ҳадафи Исроил на танҳо заъиф сохтани иқтидори низомӣ ва ҳастаӣ Эрон аст, балки ҳамчунин мехоҳад низоми ин кишварро низ тазъиф созад ва аз ин рӯ, ба бинои телевизионӣ ва ахбории он ҳамла кард.
Исроил иддао карда, ки аз оғози ҳамлаҳояш то кунун сеяки иқдори мушакии Эронро аз байни бурдааст. Аммо эрон ин иддаои Исроилро дурӯғ мешуморад.
Ҳамлаҳои низомӣ байни Эрону Исроил аз бомдоди рӯзи ҷумъаи 13-уми июн то имрӯз идома дорад. Бино ба иттилои расонаҳо, дар ҳамлаҳои шаби гузаштаи Эрон ба шаҳрҳои Телабиб ва Ҳайфои Исроил 8 нафар кушта шуданд. Аммо аз оғози даргириҳо кушташудагони Исроил ба 24 нафар ва захмиёнаш аз 600 нафар бештар шудааст.
Аммо “Меҳр Нюз” – хабаргузории эронӣ дар такя ба мақомоти расмии ин кишвар гузориш дода, ки дар пайи ҳамлаи Исроил то кунун 224 нафар кушта шуда, 1277 нафар захмӣ шудааст.
Мақомоти Эрон мегӯянд, 90% қурбониёнро шаҳрвандони оддӣ ташкил медиҳанд. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, Исроил на пойгоҳҳои низомӣ ва нуқтаҳои ҳассос, балки хонаҳои маскунӣ ва ба шаҳрвандони оддӣ ҳамла мекунад.
Ба иттилои расонаҳои эронӣ, чанд инфиҷор баъд аз нисфирӯзии рӯзи душанбе, 16-уми июн дар қисмати шарқӣ ва ғарбии Теҳрон рух дод. Хабаргузории “Форс” – расонаи давлатии Эрон гузориш дода, ки як пойгоҳи низомӣ дар ғарби Ткҳрон мавриди ҳадафи Исроил қарор гирифтааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ҷанг миёни Исроил ва Эрон идома пайдо мекунад ва васеътар шудани домани ин ҷангро низ аз эҳтимол дур намедонанд.