Дар пайи ҳамлаи навбатӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ду шаҳрванди Чин кушта шудаву ду нафари дигар захмӣ гаштаанд.
Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар изҳороте 1-уми декабр гуфта, ки ҳамла шоми 30-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҳудуди деҳаи Рузваяки вилояти Бадахшони Афғонистон сурат гирифтааст ва коргарони ширкати “China Road and Bridge Corporation” маҷруҳу кушта шудаанд.
Ин ниҳоди амниятии кишвар бе овардани номи созмоне ҳамларо “кори аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” номида, таъкид кардааст, ки “ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар ва хориҷӣ чораҳои иловагӣ меандешад”.
Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон хостаанд, ки барои таъмини амну субот дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ва дастгир намудани афроди ба ин амалҳои мудҳиш дастдошта тадбирҳои муассири саривақтӣ андешанд.
Дар ҳамин ҳол, телевизиони “Тулуъ” ба нақл аз Эҳсонуллоҳ Комгор, сухангӯйи фармондеҳии Бадахшони Афғонистон, гуфтааст, ки дар пайванд ба ҳамла ба коргарони чинӣ ду нафар дастгир шудааст, вале маълум нест гумонбарон аъзои кадом гурӯҳ мебошанд.
Мақомоти Тоҷикистон ва Толибон аз ҷузъиёти дигари ин ҳамла чизе нагуфтаанд. Аммо Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навишта, ки ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Шодаки ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз замоне рух додааст, ки коргарони чинӣ дар яке аз нақбҳои хурд дар роҳи навбунёди Қалъаихумб-Ванҷ-марзи Рӯшон машғули кор буданд.
Гуфта мешавад, дар як ҳафтаи охир ин дуввумин ҳамлаи маргбор аст, ки аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон сурат мегирад.
26-уми ноябри соли ҷорӣ низ аз хоки Афғонистон ба қароргоҳи кормандони як ширкати истихроҷи тило бо номи “Шоҳин СМ” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон “бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак” ҳамла сурат гирифта буд, ки дар натиҷа се корманди ширкати “Шоҳин СМ”, ки шаҳрвандони Чин будаанд, кушта шуда, як чинии дигар захмӣ шуда буд.
То ҳол ангезаҳои ҳарду ҳамлаи ахир ва гумонбарони онҳо маълум нест.
Толибон пас аз ҳамлаи якум бо нашри баёния ва ибрози ҳамдардӣ, ҳамчунин бе овардани номи ягон гурӯҳе гуфтааст, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бе овардани номи гурӯҳе гуфта буд, ки “бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”.
Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1-уми декабри соли ҷорӣ, бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ баргузор намуда, вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи онро баррасӣ кардааст.
Сомонаи расмии Президент навишта, ки дар ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз он сӯйи сарҳад панҷ кас фавтида ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд.
Ин ҳамлаҳоро Эмомалӣ Раҳмон амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистон номида, ба масъулин дастур додааст, ки пеши роҳи ин нооромиҳо дар марз гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо чораандешӣ кунанд.
