3.6 C
Dushanbe

Ҳамлаи шадиди Исроил ба Ҷанин

Расонаҳои фаластинӣ мегӯянд, ки режими Исроил баъди эълони оташбас дар Ғазза ҷангро ба Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ба дохили Фаластин интиқол додааст.

Бино ба иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира”, 21-уми январи соли 2025 масъулони бемористони минтақаи Ҷанини Фаластин иттилоъ доданд, ки дар ҳамлаи ахири Исроил, ки субҳи имрӯз шурӯъ шудааст, ҳудуди 80 нафар аз шаҳрвандони фаластинӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Ба қавли масъулони бемористони минтақаи Ҷанин, дар ҳамлаи субҳи дирӯзи нерӯҳои исроилӣ 6 кас кушта ва 72 нафари дигар захмӣ шуданд, ки қариб ҳама захмиҳо ва кушташудаҳо занону кӯдакон ва шаҳрвандони мулкӣ мебошанд, ки ҳеч рабте ба нерӯҳои муқовимат надоранд.

Ҳамзамон ҲАМОС аз сокинони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ хостааст, ки бо тамоми нерӯ аз худ дифоъ кунанд ва нагузоранд, ки шаҳракнишони ифротӣ ва нерӯҳои исроилӣ ба онҳо осиб бирасонанд.

Гуфта мешавад, набардҳои нерӯҳои исроилӣ бо фаластиниҳо дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдуни Фаластин солҳост идома дорад, вале аз замони ҳамлаи ахири Исроил ба Ғазза дар тӯли беш аз 15 моҳи ахир ин ҳамлаҳо густариш ёфтааст.

Аз сӯи дигар, мақомоти фаластинӣ, бо раҳабрии Маҳмуд Аббос, ки амалан масъули таъмини амният ва тартиботӣ ҷамъиятӣ дар ин минтақа дониста мешаванд, ба ҳамкорӣ бо нерӯҳои исроилӣ ва саркӯб кардани фаластиниҳо муттаҳам мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Тоҷикистони сероб, сокинон оби нӯшиданиро аз борон ҷамъ мекунанд

Сокинони бархе деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон солҳост аз норасоии оби ошомиданӣ ранҷ мекашанд, вале касе аз масъулин барои рафъи мушкилоти онҳо талош намекунад.

Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Русия дар нишасти навбатии машваратҳои сиёсии худ дар бораи "масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо" суҳбат карданд.

Роҳҳои Ҳисор-Душанбе кай таъмир мешаванд? 

Корбарон дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо нашри чанд акс аз ҳоли зори роҳи Ҳисор-Душанбе хабар медиҳанд.

Оё раводиди байи Эрон ва Тоҷикистон пурра бекор шуд?

Зимни сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лағви пурраи низоми раводид байни ду кишвар хабар дод.