ҲАМОС: Исроил ошкоро бандҳои оташбасро нақз мекунад

ҲАМОС Исроилро муттаҳам мекунад, ки бо ақибнишинӣ накардан аз долони Филаделфия шартҳои оташбасро қасдан нақз кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи шартҳои оташбас байни ҲАМОС ва Исроил бояд то ҳафтаи оянда Исроил нерӯҳои худро аз ин минтақа комилан берун кашад. Аммо тибқи изҳороти мақомоти ин кишвар, нерӯҳои исроилӣ долони Филаделфияро тарк карданӣ нестанд.

Вазири энергетикаи Исроил Эли Коэн рӯзи панҷшанбе бо нашри изҳороте 4 шарти нав барои хуруҷи нерӯҳои исроилӣ аз муҳвари Салоҳуддин (долони Филаделфия) дар марзи байни Навори Ғазза ва Мисрро пешниҳод кард. Дар ҳоле, ки ин шартҳо ҳангоми ба созиш расидани оташбас вуҷуд надоштанд.

Ин мақомдори исроилӣ мегӯяд: “Мо 4 шарт дорем: бозгардонидани тамоми гаравгонҳо, аз байн бурдани ҲАМОС, халъи силоҳи Ғазза ва тасаллути комили он.” Таҳлилгарон мегӯянд, ин шартҳои нав ба он маъност, ки Исроил мехоҳад болои Навори Ғазза назорати комили амниятӣ дошта бошад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки тибқи созишномаи оташбас пас аз як рӯз, яъне рӯзи шанбеи оянда, ки марҳилаи аввали оташбас ба поён мерасад, Исроил бояд аз ин минтақаи стратегӣ ақибнишинии нерӯҳояшро оғоз кунад ва то 8 рӯз комилан аз ин минтақа дур шавад.

Аз тарафи дигар, вазири дифои Исроил, Исроэл Катс изҳор дошта, ки долони Филаделфия ҳамчун минтақаи амниятӣ боқӣ хоҳад монд, ҳамон тавре ки дар Лубнон ва Сурия аст.

Ӯ мегӯяд, агар артиши Исроил аз ин минтақа хориҷ шавад, ҲАМОС боз ба шаҳракнишинҳои яҳудӣ ҳамла хоҳад кард. Аммо ҲАМОС ин иттиҳомро рад кард ва изҳоротро “баҳонатарошии ҷониби Исроил” барои нақзи созишномаи оташбас медонад.

Бояд гуфт, ки долони Филаделфия дар ҳудуди Фаластин байни нимҷазираи Сино ва Навори Ғазза ҷойгир буда, марзи байни Мисру Ғаззаро мушаххас мекунад. Ин минтақа аз баҳри Миёназамин дар шимол оғоз шуда, то гузаргоҳи Карм Абусолим дар ҷануб мерасад, ки дар он ҷо марзҳои Миср, Ғазза ва Исроил ба ҳам мепайванданд ва дарозии он 14 километрро дар бар мегирад.

Дар ин минтақа гузаргоҳи Рафаҳ ҷойгир аст, ки ягона роҳи асосии иртиботии мардуми Ғазза бо ҷаҳон маҳсуб мешавад. Исроил моҳи майи соли 2024 бо вуҷуди маҳкумиятҳои ҷаҳонӣ гузаргоҳи Рафаҳро ишғол кард ва то кунун идораи онро дар даст дорад ва чизе бидуни иҷозати ӯ ба Ғазза ворид намешавад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҷанги 15-моҳа дар Ғазза рӯзи 19 январи соли ҷорӣ созишномаи оташбас миёни ҲАМОС ва Исроил имзо шуд ва аз он рӯз табодули асирон байни ҲАМОС ва Исроил мавриди амал қарор гирифт. Ин созишнома аз 3 марҳала иборат аст, ки ҳар яке 42 рӯз идома мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марзи Русия маҳкум шуданд

Додгоҳе дар шаҳри Новотроитски вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марзи ин кишвар ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст.

Қарор: Дарси тарбияи ҷисмонӣ барои коргарон ҷорӣ мешавад

Аз ин пас тамоми корфармоён дар Тоҷикистон вазифадор хоҳанд буд, ки барои кормандони худ ҳар рӯз на камтар аз 20 дақиқа машқҳои баданӣ ташкил намоянд.

Дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав чанд тоҷири тоҷик зарар диданд

Дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба вилояти Маскав чанд корхонаи коркарди нафт оташ гирифта, бозори бузурги "Садовод", ки макони кори ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аст, осеб дидааст.

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, зани маъюби 58-сола иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.