22.9 C
Dushanbe

Амри “Безараргардонӣ”-и муътаризон – эътирофи сол

Эмомалӣ Раҳмон “Амри безаргардонии муътаризон”-и Бадахшонро шахсан содир кард. Аммо ӯ бо ин амр киро “безарар” гардонид? Оё онҳое, ки “безарар” гардонида шуданд, воқеан силоҳ доштанд?

Барои аввалин бор дар соли 2012 дар шаҳри Хоруғ амалиёти вежаи нерӯҳои ҳукуматӣ сурат гирифт, ки ба ҷанги тамомайёри нерӯҳои низомии кишвар бо сокинони маҳаллӣ дар ин гӯшаи кишвар мубаддал шуд. Пас аз қатли мармузи Абдулло Назаров, раиси вақти Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 21 июли ҳамон сол нерӯҳои ҳукуматӣ ба Хоруғ ворид шуданд, ки амалиёти эшон 16 соат давом кард. Дар ин “амалиёти вежа”, ки соати 4-и субҳи 24-уми июли соли 2012 оғоз шуд, ба иттилои баъзе аз манобеъ, беш аз се ҳазор низомӣ ширкат кард. Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои вақти Тоҷикистон фармондеҳии ин амалиётро бар уҳда дошт.

Ҳадаф аз роҳандозии ин амалиёт боздошти қотилони Абдуллоҳ Назаров гуфта мешуд, аммо дар он амалиёт нафарони зиёдн кушта шуданд. Танҳо як сол пас аз баргузории ин амалиёт, дар моҳи июли соли 2013 зимни ироаи гузорише дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар бораи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон намояндагони кишвар эътироф карданд, ки тайи ин ҳуҷуми низомӣ 41 нафар кушта шудааст, дар ҳоле ки 23 нафар аз онҳо аз афроди мулкӣ ва сокинони ин вилоят будаанд.

Ҳарчанд Ҳукумат дар солҳои 2008 ва 2010 дар Кӯлобу Ғарм ва Тавилдара ҳам чунин амалиётеро пиёда карда буд, аммо амлиёти Хоруғ дар соли 2012 бесобиқа буд ва коршиносон онро иштибоҳи Ҳукумат хонданд. Дар зимн, ин амалиёт афкори мухолиф ва суолҳое зиёдеро дар бораи он халқ кард. Муҳимтарин суол дар ин миён ин буд, ки кӣ амри вуруди артиш ба ин шаҳрро дод?

Бо гузаштаи 10 сол аз он воқеаҳо ин суол ҳанӯз бепосух мондааст. Вале дар тобистони имсол раисҷумҳур ва ҳамзамон сарфармондеҳи нерӯҳои низомии Тоҷикистон эътироф кард, ки амри кушторро шахсан ӯ содир кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш рӯзи 18-уми июн дар Данғара дар маҷлисе бо ширкати мақомоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ гуфт, амри “безарар кардани нафарони яроқдор”-ро дод, чун, ба гуфтаи ӯ, “илоҷи дигаре” набуд. Раҳмон афзуд, “талош карданд аз роҳи гуфтушунид” ин вазъ ҳал шавад, вале дар Рӯшон “раиси ноҳияро лат карданд, муовини раиси ноҳия, мебахшед, зани тоҷикро заданд мушт кади… Ва вақте колоннаи амният мегузашт, 13 нафар кормандони амниятро ярадор карданд. Як кас талаф шуд. Хайр, илоҷи дигар набуд… Онҳо яроқу аслиҳа доштанд… мостҳо (кӯпрукҳо)-ро метаркониданд дар Рӯшон. Амр додам, ки бинед, то ҳадди имкон яроқбадастҳоро безарар гардонед ё ки дастгир кунед”. Президент Раҳмон дар шарҳи ин тасмимҳояш гуфт, “вазифаи давлат аст таъмини амнияти шаҳрвандон, таъмини амнияти миллӣ, таъмини амнияти давлат. Ин функтсия ва вазифаи давлат аст ва роҳбари давлат, на каси дигар. 30 сол. Дер мешуд охир. Талаботу корҳои онҳо дигар буд”.

Албатта, манзури Эмомалӣ Раҳмон воқеаҳои соли 2012 дар Хоруғ набуданд, балки ӯ ҳаводиси имсолро дар назар дошт, ки реша дар куштани Гулбиддин Зиёбеков дар моҳи ноябри соли 2021 доштанд. Аммо аҷиб ин аст, ки бидуни таҳқиқу ҳукми додгоҳе муътаризин ҳукм ба куштан ва боздошт гирифтанд.

Суоли ин ки амри куштор ё шиллик ба сӯйи муътаризон аз тарафи кадом раҳбар содир шудааст, дар Тоҷикистон чизи нав нест. Он ҳанӯз дар моҳи феврали соли 1990 матраҳ шуда буд. Он замон Ҳизби куммунистии Тоҷикистон сари қудрат буд.

Дар моҳи феврали соли 1990 овозаи омадани арманиҳои паноҳанда ба Тоҷикистон ва бидуни навбат 11-уми худи ҳамон моҳ ба онҳо хона додан мардумро ба хиёбонҳо кашонд, ки мақомоти амниятии вақт аз эътирозгарон бо мили силоҳ пазироӣ карданд. Дар пайи ин бархурди мақомоти низомӣ 25 нафар аз афроди мулкӣ кушта шуд. Аксарият ба ин назар буданд, ки оташкушоӣ ба сӯйи муътаризини баҳманмоҳи хунини соли 1990-ро Қаҳҳор Маҳкамов, муншии Кумитаи марказии Ҳизби куммунистии Тоҷикистон содир карда. Аммо Қаҳҳор Маҳкамов то охирин лаҳзаи умраш ин иттиҳомро рад мекард.

Ҳамчунин тайи ин солҳо ёддоштҳои дигаре низ ба нашр расиданд, ки фарзияҳоеро матраҳ мекарданд. Масалан, яке аз нафароне, ки дар бораи ин ҳаводис хотираҳояшро навиштааст, Владимир Викторович Петкел, раиси Кумитаи амнияти Тоҷикистон дар соли 1990 аст. Ӯ бо ёдоварӣ аз мавзеъгирии Қаҳҳор Маҳкамов дар қиболи муътаризин менависад, вақте таҷаммуъ аз тарафи бинои парлумон роҳ ба сӯйи сохтмони Кумитаи марказии Ҳизби куммунистӣ мегирад, Петкел ба Қаҳҳор Маҳкамов занг мезанад ва мепурсад, ки дар баробари ин мардум чӣ тасмиме бигирад. Дар ҳамин ҳол муншии ҲКТ посух медиҳад, ки ишколе надорад, бигзор ба тарафи дафтари ҲКТ биёянд, талаби демократия ҳамин аст.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи В. В. Петкел, ӯ бо Владимир Александрович Крючков, раиси Кумитаи амнияти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ тамос мегирад. Дар навбати худ В. Крючков зердасти худро маслиҳат медиҳад, ки вазъро аз даст надода, бо муътаризон гуфтушунидро идома диҳанду вақтро ба дарозо кашанд. Ба таъкиди Петкел, В. Крючков ҳамчунин бригадаеро аз гурӯҳи таъйиноти махсуси «Алфа», ки онро ҷонишини шуъбаи 5-уми КГБ-и ИҶШС сарварӣ мекард, ба ёрии ҳамкасбонаш фиристодааст. Шояд дар суҳбат сабаби ба тӯл кашонидани эътирози мардум аз ҷониби В. Крючков ташреҳ шуда бошад, аммо дар робита ба ин масъала раиси вақти амнияти Тоҷикистон чизе рӯйи сафҳаи он китоби хотироташ наовардааст.

Ҳамзамон бояд гуфт, дар бораи таърихи рӯзи тамоси худ бо В. Крючков ва фиристодани бригадае аз «Алфа» Петкел ҳам чизе ишора накардааст, вале аз мантиқи нигориши ӯ бармеояд, ки шояд тамоси ҳамкасбон рӯзи 11-уми феврал сурат гирифта бошад.

Ҳамин тариқ муътаризин дар рӯзи 11-уми феврал иттилои дақиқе нагирифтанд ва тааҳҳуд доданд, ки фардои он рӯз гирдиҳамоияшонро идома медиҳанд. Тибқи ваъда, 12-уми феврал боз мардум назди Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистӣ ҷамъ омаданд. Дар ин маврид Бӯрӣ Каримов аз нақли Абдулло Назаров, яке аз афсарони амният дар «Фарёди солҳо» менависад, ки «…митинги рӯзи 12-умро худи Ҳукумат бо роҳбарии Маҳкамов ташкил кард ва мебоист, ки назди халқ баромада, аз рафтани арманҳо ҳисобот медод… аз ин фурсат роҳбари КГБ Петкел бисёр моҳирона истифода бурд. Ӯ ба Маҳкамов маслиҳат медиҳад, ки умуман, назди митингчиён набарояд. Киянд онҳо?»…

Мантиқан ёддошти ин ду корманди амниятӣ ба воқеият рост  омада, якдигарро комил менамояд, зеро тавре гуфтем, Петкел аз В. Крючков супориш гирифта буд, то вақтро ба дорозо кашад. Бешубҳа, супориши В. Крючков иҷро гашта буд. Яъне, он рӯз соат аз 15-00 гузашта, вале ҳанӯз ба назди мардум баромадани Қаҳҳор Маҳкамов дараке набуд. Дар ҳамин ҳол, «соатҳои 14:20 дақиқа миёни тазоҳургарон ва муҳофизони тартибот низоъ шиддат  гирифт. Муҳофизон аз пушти сипар тазоҳургаронро мезаданд, тазоҳургарон бошанд, бо алфози қабеҳ ҷавоб мегардонданд. Тақрибан дар ҳамин соат ба сари тазоҳургарон газҳои хафакунанда истифода шуд, ки чандтои он дар байни издиҳом назди мағозаи «Варзиш» таркид.

Ба навиштаи Бӯрӣ Каримов, соатҳои 15:30 – 15:40 истифодаи аслиҳаи оташфишон оғоз гардид, ки чанд тан захмӣ ва шаҳид шуданд. Соати 16:00 Қаҳҳор Маҳкамов назди гирдиҳамомадагон баромад, вале дигар дер шуда буд. Соати 17:00 иштирокчиён боз ҳам тирборон шуданд. Дар натиҷа, шаш кас ҳалок ва зиёда аз 70 кас захмӣ шуданд. Ҳамзамон шаст тани дигар аз муътаризин дастгир шуданд.

То ҳол муаммост, ки фармони тиркушоиро сӯйи муътаризин кӣ дода буд: Маҳкамов ё Петкел? Вале мантиқан чунин ба назар мерасад, ки он айём зимоми қудратро Петкел дар даст дошту Маҳкамовро итоат намекард, балки супориши В. Крючковро иҷро менамуд. Зеро ҳанӯз рӯзи аввал Маҳкамов ӯро ба ваҳшат наандохтан таъкид карда буд, вале ӯ боз аз В. Крючков маслиҳат пурсид, то чӣ иқдомеро рӯйи даст гирад.

22 июни соли 2014 Қаҳҳор Маҳкамов шиллики тир ба сӯйи муътаризонро рад кард. Аммо шояд ӯ мехост воқеиятро нагӯяд, зеро 25 нафар дар гирдиҳамоиҳо кушта шуда буданд. Гузашта аз ин, Қаҳҳор Маҳкамов дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, ки дар ҳамон солҳо нашр шуда буд, тиркушоӣ ба сӯйи эътирозгаронро таъйид карда буд. Вале ин дақиқ аст, ки касе собит накардааст, ки Қаҳҳор Маҳкамов амри шиллик ба сӯйи муътаризинро содир карда бошад. Баръакс, ӯ дар мусоҳибааш гуфта буд: «Агар роҳбари аввали ҷумҳурӣ фармон диҳад, ки ба халқи худ тир парронанд, якум ин ки ӯ инсон нест, дуюм ин ки ин хел одам кӯр мешавад ва саввум ин ки ин хел одам ҳуқуқи роҳбарӣ кардан надорад».

Бо вуҷуди кушторе, ки дар соли 1990 дар Тоҷикистон сурат гирифт, муншии аввали Ҳизби куммунистии Тоҷикистон нанги фармони шиллик ба сӯйи мардуми худро ба уҳда нагирифт. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон эълон кард: “Амр додам, ки бинед, то ҳадди имкон яроқбадастҳоро безарар гардонед ё ки дастгир кунед”. Ҳол он ки ҳич таҳқиқи мустақиле дар заминаи мусаллаҳ будани эътирозгарон сурат нагирифтааст, то собит шавад, ки афроди мусаллаҳ низ миёни он муътаризин буданд ё на.

Ба ин далел аст, ки масъала мубҳам ва печида боқӣ мемонад ва ин ки раисҷумҳур бар судури қарори “безарар кардан”-и тазоҳургарон иқрор кардааст, пас метавон онро “эътирофи сол” эълон ва назари Қаҳҳор Маҳкамовро ба шакли суол матраҳ кард: “Агар роҳбари аввали ҷумҳурӣ фармон диҳад, ки ба халқи худ тир парронанд…” ҳуқуқи роҳбарӣ кардан дорад?

Албатта, қазоват дар бораи ин суоли ҳаққи мухотаб аст, зеро чунин эътирофҳо дар таърих кам иттифоқ меуфтанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.