28.9 C
Dushanbe

Амриддин Аловатшоевро дар “критий” ҷойгир карданд

Масъулони маҳбасҳои кишвар Амриддин Аловатшоевро, ки дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ ба 18-соли зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбаси шаҳри Ваҳдат ба СИЗО-и шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Аловатшоеви 44-соларо барои се сол ба утоқи низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий” ҷойгир кардаанд.

Гуфта мешавад, тағйири муассисаи ислоҳӣ ва низоми ҳабси Амриддин Аловатшоев бидуни муҳокима ва иштироки вакили дифои ӯ сурат гирифтааст.

Хонум Саркорова дар истинод ба манбааш аз СИЗО-и Душанбе хабар медиҳад, ки Аловатшоев дар маҳбас ба ягон амали ғайриқонунӣ даст назада буд ва тасмими тағйири муассисаи ислоҳӣ ва низоми ҳабси ӯ бо фармони “боло” сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш аз Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки Аловатшоевро аввали ҳафта барои шоҳидӣ додан дар мурофиаи Холбаш Холбашов ба СИЗО оварданд.

Наздикону пайвандони Амриддин Аловатшоев интиқоли ӯро аз маҳбас ба боздошгоҳи муваққатӣ тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, сабабашро намедонанд.

Ёдовар мешавем, ки Амриддин Аловатшоев 11-уми январи соли ҷорӣ дар Русия нопадид ва чанде баъд дар Тоҷикистон пайдо шуд. Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон моҳи феврал гуфт, ӯ истирдод шудааст, аммо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода гуфт, ки бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргашту боздошт шуд.

Боздошти Аловатшоев дар пасманзари иштирокаш дар тазоҳуроти зодагони ВМКБ дар робита ба нооромиҳои охири моҳи ноябри соли 2021 сурат гирифт.

Додгоҳ 29-уми апрели соли ҷорӣ, ӯро ба панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла ба гаравгонгирӣ, ташкили иттиҳоди экстремистӣ ва ғайра гунаҳкор дониста ба 18 соли зиндон маҳкум карда буд. Фаъолону коршиносон ҳукми ӯро сохта медонанд.

Мақомоти Тоҷикистон то имрӯз чеҳраҳои сиёсӣ ва низомии шинохтаро, ки мухолифи ҳукумати Раҳмонов дониста мешаванд, ба монанди Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳаит, Ғаффор Мирзоев ва чанд тани дигар дар зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯр (критий) ҷой кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.