Вазорати хазинадории Иёлоти Муттиҳидаи Амрико як ширкати тоҷикистониро таҳрим кард.
Бино ба иттилои расмӣ, 12-уми декабри соли 2023 Вазорати хазинадории Амрико бо судури қароре як ширкати тоҷикистонӣ ва як ширкати қирғизистониро таҳрим кард.
Ба қавли манбаъ, вазири хазинадории Амрико Ҷанет Л. Йеллин гуфтааст, “Кремлин Русияро ба як иқтисоди даврони ҷангӣ табдил кардааст, аммо мошини ҷангии Владимир Путин наметавонад ба танҳоӣ ба истиҳсолоти дохилӣ давом биоварад.”
Вазорати хазинадории Амрико Ҷамъияти дорои масъулиташ маҳдуди “Кафолати Комил”-ро, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудааст, ба интиқоли қисмҳои эҳтиётии авиатсионии хориҷӣ аз тариқи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Русия муттаҳам кардааст. Вазири хазинадорӣ мегӯяд, “таҳримҳои кунунии мо идома доранд. Мо фишорҳо алайҳи ширкатҳо ва шабакаҳои бархоста аз кишварҳои сеюм, ки ба хотири пойдорӣ пойгоҳии низомии Русияро (аз хориҷ) таъмин мекунанд, сахттар мекунем.”
Вазорати хазинадории Амрико алайҳи беш аз 150 нафар ва созмонҳое, ки пойгоҳи низомию саноатии Русияро таъмин мекунанд, аз он ҷумла як ширкати қирғизистонӣ, чанд ширкати чинӣ ва покистонӣ низ таҳримҳо ҷорӣ кардааст.
Пеш аз ин дар моҳи августи соли ҷорӣ хабаргузории “Reuters” бо нашри як гузориши таҳқиқотӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон дар хариди қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳо дар соли 2022 кумак кардааст.
Дар он таҳқиқ гуфта мешуд, барои сабуксозии таҳримҳои Русия бар иловаи Тоҷикистон бархе ширкатҳо аз Чин, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қирғизистон ҳам ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо хариди қисмҳои эҳтиётӣ дар ҳаҷми беш аз 1,2 миллиард доллар ба Русия кумак кардаанд.
Дар он гузориш таъкид шуда буд, ки дар дур задани таҳримҳо алайҳи Русия ду ширкат аз Тоҷкиистон бо номҳои “Истиқлолият 20” ва “Кафолати Комил” саҳмгузорӣ кардаанд. Ин ду ширкат ба он муттаҳам мешаванд, ки дар моҳҳои июл ва сентябри соли 2022 тавассути Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бархе қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳоро ба Русия фиристодаанд.
“Ройтерз” мегӯяд, талошҳои онҳо барои гирифтани маълумоти бештар бо моликони ин ширкатҳо, ки яке Маҳмадбашир Ёқубов, раиси иҷроияи “Истиқлолият 20”, ва дигаре Комилчон Ёқубов, раиси иҷроияи ширкати “Кафолати Комил” бенатиҷа будааст.
Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд “ИСТИҚЛОЛИЯТ 20”, ки рақамаи мушаххаси андозсупорандааш (РМА) 040033774 мебошад, аз 22-уми апрели соли 2011 дар назди мақомот сабт шуда, дар ҳоли ҳозир яке аз ширкатҳои амалкунанда дар Тоҷикистон аст. Суроғаи ин ширкат дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сабти ном шудааст.
Тибқи бархе санадҳои расмӣ, Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуд (ҶДММ) “КАФОЛАТИ КОМИЛ”, ки рақамаи мушаххаси андозсупорандааш (РМА) 010099789 нишон дода мешавад, дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов 16/1 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сабти ном шуда ва дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хӯрд (ҶДДМ ТАҚХ) “Сомон-Тиҷорат” суратҳисоби расмӣ бо ин шумора: “20202972900000000172” дорад, аммо Кумиати андоз дар бораи ин ширкат ҳамагуна маълумотро дар сомонааш пинҳон медорад.
Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки ин ширкатҳо яке дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ва дигаре дар шаҳри Душанбе сабти ном шудаанд, аммо бархе санадҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки моликони онҳо бар иловаи насаби ягона доштан, ҳамкориҳои наздик доранд. Барои дур зудани афкори дигарон дар хусуси ин ҳамкориҳои зич дар назди мақомот худро “рақиби” ҳамдигар нишон дода, дар хеле аз тендерҳои Тоҷикистон барои ба даст овардани маблағ ва кор якҷо ширкат кардаанд. Аммо, оё ин ширкат ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад ё не, як мавзуи алоҳида аст.
