Боздошти чанд ҷавоне, ки бо роҳи фиреб садҳо ҳазор сомониро соҳиб шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду мард дар вилояти Суғд барои бо роҳи фиреб соҳиб шудани 600 ҳазор сомонӣ боздошт шуданд.

Гуфта мешавад, кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар дар натиҷаи як тафтиш ду марди 43 ва 41-солаи сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғдро бо гумони даст задан ба амали қаллобӣ дастгир карданд. 

Вазорат дар шарҳи ин қазия мегӯяд, ки ин ду мард як зани 40-солаи сокини ноҳияи Спитаменро фиреб дода, “бо баҳонаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба миқдори 12 сотиқ аз кӯчаи Саидови ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен, маблағи 600 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидаанд.”

Ҳамзамон Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки ӯ бо роҳи фиреб аз як сокини ҳамин шаҳр беш аз 100 ҳазор сомониро гирифта, дигар барнагардонидааст.

Бар асоси иттилои манбаъ, гумонбаршаванда 5-уми марти соли ҷорӣ, як марди 27-солаи сокини шаҳри мазкурро фиреб дода, худро таъмиргари хонаҳо (усто) муаррифӣ кардааст. Вай бо ваъдаи харидорӣ намудани масолеҳи сохтмонӣ ва таъмир намудани хонаи ҷабрдида 100 ҳазору 700-сомонӣ аз ӯ гирифтааст. Баъдан гумонбар ин маблағҳоро дар бозиҳои букмекери “Рахш” ва “Пари Матч” бохта, “ба ҷабрдида зарари махсусан калон расонидааст.”

Вазорати корҳои дохилӣ менависад, ки нисбати ҳамаи шахсони боздоштшуда мутобиқи қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.