Ҳамсояҳои Афғонистон Толибонро ба расмият мешиносанд?

Амирхон Мутаққӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Толибон мегӯяд, ки тамоми кишварҳои минтақа, ки дар ҷамъи онҳо Тоҷикистон ҳам шомил мешавад, хоҳони беҳтар кардани равобит бо Афғонистон мебошанд.

Асри имрӯз, 14-уми апрели соли 2023 нишасти дурӯзаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бар иловаи Русия, ки субҳи дирӯз дар шаҳри Самарқанд шурӯъ гардида буд, ба кори худ поён дод.

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар раъси як ҳайате бо намояндагӣ аз ҳукумати муваққати Толибон дар он ширкат кард. Ӯ дар поёни ин нишаст ба расонаҳо гуфт: “мо хушҳол шудем, ки имрӯз дар ин иҷлос ҳама кишварҳои минтақаро дидем.”

Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷии Толибон, ҳамсояҳои Афғонистон “ҳама ба ин фикру назар аст, ки бо ҳукумати ҷадиди Афғонистон таъомул (ҳамкориҳо)-и хубе дошта бошанд. Ҳам дар арсаи сиёсат, ҳам дар арсаи иқтисод ва ҳам дар арсаи тронзит, дар ҳама арсаҳо таъаллуқот (робитаҳо) ва таъомули мусбате дошта бошанд. Ин як нуктаи бисёр хуберо дар ин иҷлоси Самарқанд ёфтем.“

Пеш аз ин дирӯз ҳам дар вақти суханрониаш вазири корҳои хориҷаи Толибон ба ҳамаи ҳамсояҳои Афғонистон итминон дода буд, ки Афғонистон як хонаи амн аст ва ҳеч гуна хатаре аз хоки он алайҳи ҳеч як аз кишварҳои ҳамсоя таҳдид намекунад ва онҳо низ ин иҷозаро нахоҳанд дод, ки Афғонистон ба майдони ҷангҳои ниёбатӣ байни дигар давлатҳо табдил дода шавад.

Гуфта мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои зиёде мечарханд, ки дида мешавад, ин ҳайати Толибон бо раҳбарии Амирхон Муттақӣ бо ҳайатҳои кишвраҳои Чину Эрон ва Узбекистону Туркманистон дидору мулоқотҳое анҷом додааст, аммо тавре ӯ мегӯяд, “дар ин иҷлос ҳама кишварҳои минтақаро” дидаанд, ҳеч аксу навори мушаххасе дар бораи дидору мулоқотҳои бо ҳайати Тоҷикистон, ки бо раҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар дар он нишаст щузур дошт, нашр на шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора то ҳол иттилоъе надодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.

Бедарак шудани як фаъоли зодаи Бадахшон дар Олмон

19-уми октябри соли ҷорӣ, фаъоли зодаи Бадахшон Саидтаиб Саидмамудов дар Олмон боздошт шудааст ва бо гузашти ду ҳафта аз ӯ хабаре нест.

Намоиши филми Эмомалӣ Раҳмон дар масҷидҳои ноҳияи Ванҷ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз намоиши филми мустанади «Пешво аз қалби мардум» дар масҷидҳо, инчунин идораҳо ва муассисаҳои ноҳия хабар додаанд.

Русия далелҳои ихроҷи муҳоҷиронро аз 22 ба 45 маврид афзоиш медиҳад

Аз 3-юми ноябр дар Русия қонуни наве мавриди иҷро қарор мегирад, ки шумори моддаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунанд, аз 22 ба 45 мерасонад.