Ҳушдори марзбони тоҷик ба Толибон: “Аз сарҳади Тоҷикистон хориҷ шавед!”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он гуфтугӯи пуртаниши миёни марзбонони Тоҷикистон ва намояндагони Толибон дида мешавад.

Дар ин навор, ки замон ва макони сабти он дақиқ маълум нест, марзбони тоҷик аз нерӯҳои Толибон талаб мекунад, ки техникаҳои худро аз хатти марз дур кунанд. Ӯ таъкид мекунад, ки онҳо ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд ва ҳушдор медиҳад, ки дар сурати иҷро нашудани ин талаб, аз силоҳ истифода хоҳад шуд.

Аз ҷониби дигар, намояндагони Толибон иддао мекунанд, ки Тоҷикистон дар чанд нуқта ба қаламрави Афғонистон ворид шудааст. Дар посух, марзбони тоҷик бо истинод ба харита мегӯяд, ки маҳалли мавриди баҳс ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ва боз ҳам қотеона талаб мекунад, ки корҳои муҳандисӣ қатъ шуда, техникаҳо аз наздикии марз хориҷ карда шаванд.

То кунун мақомоти расмии Тоҷикистон ва инчунин мақомоти ҳукумати таҳти раҳбарии Толибон дар Афғонистон дар бораи ин навор ва воқеияти он изҳороти расмӣ нашр накардаанд. Аз ин рӯ, мустақилона тасдиқ кардани замон, макон ва шароити сабти навор имконпазир нест.

Баъди сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, баҳсҳо ва танишҳои марбут ба хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон чандин маротиба расонаӣ шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон борҳо нерӯҳои Толибонро ба убури ғайриқонунии марз ва анҷоми корҳои муҳандисӣ дар минтақаҳои баҳснок муттаҳам кардаанд. Аз ҷумла, фаъолияти густурдаи истихроҷи тилло аз ҷониби ширкатҳо ва гурӯҳҳои вобаста ба Толибон дар соҳили дарёи Панҷ низ борҳо боиси нигаронии мақомоти Тоҷикистон гардидааст.

Ҳамзамон сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати амниятӣ яке аз ҳассостарин марзҳои минтақа ба ҳисоб меравад. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар ин марз 17 даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва қочоқчиён ба қайд гирифта шудааст. Бештари ин ҳодисаҳо дар минтақаҳои марзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Бадахшони Афғонистон рух додаанд.

Марзи муштараки ду кишвар 1344,15 километрро ташкил медиҳад, ки беш аз 1135 километри он аз қад-қади дарёи Панҷ мегузарад. Бо назардошти релефи кӯҳистонӣ, хатари қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои гурӯҳҳои тундрав, таъмини амнияти ин марз ҳамеша яке аз авлавиятҳои мақомоти Тоҷикистон буда, дар он неруҳои иловагӣ мустақар гардида, мунтазам машқҳои зиддитеррористӣ баргузор мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кард

Дар пасманзари сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират дар Русия, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кардааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми октябр бо ҳадафи иштирок дар нишасте бо сарони кишварҳои ОМ ба Туркманистон сафар кард.

Чаро хонандагони мактабҳои Фаронса ба кӯчаҳо баромаданд?

Эътирозҳои хонандагони мактабҳои миёна дар Фаронса, ки аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз шуданд, то ҳол идома доранд.

Дастури нави Вазорати маориф барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сохторҳои зертобеи худ дастур дода, ки омӯзгорон ба корҳои берун аз фаъолияти таълиму тарбия ҷалб карда нашаванд.