22.9 C
Dushanbe

Ғарқ шудани чанд нафар дар Тоҷикистон

Танҳо дар давоми як рӯз дар вилояти Хатлон ва вилояти Суғд се нафар ҳангоми оббозӣ дар обҳои кишвар ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, аз ин се нафари ҳалокшуда 2 нафарашон кӯдакони ноболиғ будаанд.

“Чунончӣ, 15 июни соли ҷорӣ тахминан соати 12:35 дақиқа як сокини 10-солаи деҳаи Лолазори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар канали “Оби Тоҳир” ғарқ ва ба ҳалокат расид.”, омадааст дар хабари Кумита.

Ҷасади ин ноболиғро гурӯҳи наҷоти КҲФ пас аз ҷустуҷӯ пайдо ва ба волидайнаш супоридаанд.

КҲФ мегӯяд, ҳодисаи дуюм низ дар қаламрави вилояти Хатлон рух додааст. “Рӯзи гузашта тахминан соати 13:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 18-солаи деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ёвон ҳангоми оббози дар ҷойи мамнуъи канали байнидеҳаҳо ғарқ гардид.”

Ва ҳодисаи сеюм низ рӯзи 15-уми июн дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд як кӯдаки 7-солаи “дар канали “Туксанкорез” ғарқ шуд.”

Сабаб ғарқ шудани кӯдакон дар обҳо “беназоратии падару модар” гуфта мешавад.

Кумита хабар медиҳад, ки “то 16-уми июни соли 2023 дар обҳои кишвар 62 нафар ғарқ шуданд, ки 35 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қазоқистон беш аз 310 ҳазор қурбонии сиёсиро сафед кард

Қазиқистон ҳам мисли хеле дигар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қурбониёни сиёсии даврони столниашро сафед кард, Тоҷикистон чӣ?

HRW дар нома ба Байден аз нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Ҷо...

Таҳдид зиндон барои навиштани “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз ин ба баъд ирсоли паёмаки "Ҷумъа муборак"-ро дар Тоҷикистон ҷурм дониста, барои он то ҷарима ва ҳатто ҳабсро пешбинӣ кардаанд.

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.