26.9 C
Dushanbe

Аргентина барандаи Ҷоми Амрико

Рӯзи 11-уми июли соли ҷорӣ финали Ҷоми Амрико баргузор гардид, ки дар он тими миллии Аргентина Бразилияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Дар ин бозӣ голи ягонаро дар дақиқаи 22-юм Анхел Ди Мария нимҳимоятгари тими миллии Аргентина ба ҳадаф расонд.

Аргентина 15-умин маротиба барандаи Ҷоми Амрико гардид. Бори охир Аргентина соли 1993 қаҳрамони ин ҷом шуда буд.

Барои капитани Аргентина Лионел Месси ин аввалин ҷом бо тими миллӣ аст. Ёдовар мешавем, ки Месси дар ҳайати дастаи олимпии Аргентина қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2008 гардида буд.

Тимҳои милли Аргентина ва Бразилия дар даври ниманиҳоии Ҷоми Амрико, Колумбия ва Перуро шикаст дода, ба финал роҳ ёфта буданд.

Ҷоми Амрико соли 2021 дар Бразилия баргузор гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали...

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се...

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии...

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки "дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт"-и...