Қарори шурӯи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва давлатҳои дигар дар ҷаласаи ахири Ситоди мубориза бо COVID-19 қабул шудааст. Тибқи қарори Ситод, ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз аввали июл барои Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон боз ва парвозҳо дар ин самтҳо аз сар гирифта хоҳад шуд. Таъкид шудааст, ки мусофирон бояд ҳатман маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.
Sputnik, ношири ин хабар бо такя ба манобеаш дар Ситоди мубориза бо COVID-19 мегӯяд, барои парвозҳо ба самтҳои Русия, Туркия ва Чин феълан иҷозат дода нашудааст. Аммо қарор аст мавриди омӯзиши иловагӣ қарор дода шаванд.Ситоди ҷумҳуриявӣ афзудааст, ки дар баробари пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, ҳамчунин парвозҳои транзитӣ ва чартерӣ барои интиқоли молу маҳсулот тариқи хатсайрҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад.
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 масъулинро муваззаф кардааст, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Дар як гузориши “Озодӣ” ҳам бо такя ба маълумоти мақомоти расмии Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъкид шудааст, ки то охири моҳи июн парвозҳои доимӣ шуруъ намешавад ва баъд аз он машварат мекунанд, ки парвозҳоро чӣ гуна ва кай ба роҳ монанд.
Намояндагони чанд ширкати ҳавопаймоӣ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, то рӯзи 30-юми июн ба истиснои парвозҳои махсус ё чартерӣ парвозҳои доимӣ амалӣ намешаванд. Аз ҷумла, масъулони намояндагии ширкати «Ют Эйр» гуфтаанд, фазои Тоҷикистон ва Русия феълан бастааст ва то рӯзи 30-юми июн ҳавопаймоҳои онҳо парвозе анҷом нахоҳанд дод.
Намояндаи ширкати “Ют Эйр” дар Душанбе меӯяд:«Агар ҳукумати Русия ё Тоҷикистон фазоро кушоянд, ҳавопаймоҳои ширкат парвозро шуруъ мекунанд. Мо омода ҳастем, ки пагоҳ парвоз кунем, аммо ин кор аз беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ вобаста аст».
Ҳамин нуктаро намояндагони ширкати “Уралские авиалинии” ва “Узбекистон ҳаво йуллари” низ баён доштанд. Як масъули намояндагии ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” рӯзи 16-уми июн гуфт, оғози парвози ҳавопаймоҳои ширкат дар Узбекистон дуруст аст, аммо ҳанӯз Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳо иҷозат надодааст ва онҳо ҳаққи ба Душанбе парвоз карданро надоранд.
Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд ва ҳукумат қисме аз онҳоро бо парвозҳои махсус ба Тоҷикистон интиқол дод.
Қаблан ширкатҳои мусофирбарии “Уралские авиалинии” ва «Ют Эйр»-и Русия аз фурӯши билетҳо ба самти Тоҷикистон хабар дода буданд, аммо мақомоти Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон ин хабарро такзиб ва ба шаҳрвондон ҳушдор дода буданд, ки аз хариди билет худдорӣ кунанд.