Як ҷавони 20-солаи сокини вилояти Суғд бо иттиҳоми одамкушӣ боздошт шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад, ки ӯ бо гумони куштану оташзадани ҷавондухтари 19-сола гумонбар аст.
Вазорат иттилоъ медиҳад, ки гумонбаршаванда аз сабаби он ки пас аз хостгорӣ аз ҷониби волидони арусшавандааш ҷавоби рад мегирад, 5-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, аз ҳиссиёти рашки зиёд арусшавандааш ҷавондухтари 19-солаи сокини ноҳияи Зафарободро ба мошини худ савор намуда, ба самти номаълум бурда ва дар дохили мошинаш 16 корд ба баданаш задааст.
“Сипас бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардан ҷабрдидаро тариқи кашола намудан ва бераҳмии махсус ба дохили бинои сохтмонаш нотамоми деҳаи Логин дароварда, бо воситаи моеъи сӯзишвории бензин оташ зада, ба ҳалокат расонидааст.”, омадааст дар хабари ВКД.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, гумонбаршаванда ҳоло дар боздошт қарор дорад ва бар зидди ӯ бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
То ҳнӯз назари гумонбаршаванда ва наздикони ӯ ва ҳамчунин ҷониби ҷабрдида дар робита ба ин ҳодиса дарстраси расонаҳо нашудааст ва ҷузъиёти ин қазия маълум нест.
Аммо коршиносон даст ба ҷиноятҳои вазнини куштор задани ҷавононро ба тарбияи нодурусти хонавода, зарбу лат ва зӯроварӣ аз ҷониби волидон, дур мондан аз эҳсосоти отифӣ, монанди меҳрубонӣ надидан аз ҷониби падару модарон ва дигар мушкилоти равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ марбут медонанд.