Аввал пули билети баргаштро медиҳӣ баъд вориди Русия мешавӣ!

Дар Русия мехоҳанд қонунеро қабул кунанд, ки тибқи он ҳар як муҳоҷир қабл аз вуруд ба Русия бояд пули билети баргашташро пардохт кунад.

Ин пешниҳод аз ҷониби Вадим Денгин, сенатори Шӯрои Федератсияи Русия садо додааст.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи ин лоиҳаи қонун ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки барои кор дар Русия сафар мекунад, бояд пешакӣ маблағи муодили арзиши билети бозгашт ба ватанашро ба суратҳисоби махсус гузаронад.

Ин маблағҳо дар сурати ба кишвари худ баргаштани шаҳрванди хориҷӣ, ё пас аз ба итмом расидани муҳлати патент ва ё шартномаи корӣ ва ҳамчунин дар сурати ихроҷи ӯ барои нақзи қонун истифода хоҳад шуд.

Денгин таъкид мекунад, ки ин тадбир сарбории буҷаи давлатро коҳиш медиҳад. Дар ҳоли ҳозир хароҷоти фиристодани муҳоҷироне, ки имкони бозгашт ба ватани худро надоранд, аз ҷониби мақомоти Русия пӯшонида мешавад.

“Русия набояд барои онҳое, ки қонунро вайрон кардаанд ва ё иҷозати корӣ надоранд, пули сафари хонаро пардохт кунад” – таъкид кардааст Денгин.

Вадим Денгин мехоҳад, ин лоиҳаи қонунро то охири сол пас аз тасдиқи пешакии ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кунад.

Масъалаи гаравпулии ҳатмӣ барои муҳоҷирон беш аз даҳ сол боз дар Русия баҳсу баррасӣ мешавад. Бори аввал чунин тағйироте ба қонунгузории Федератсияи Русия аз ҷониби вакилони Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург пешниҳод шуда буд. Дар он пешниҳод гуфта мешуд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид вориди Русия мешаванд, дар рӯзи вуруд бояд бо худ шаш баробар маблағи ҳадди ақалли хароҷоти зиндагиро дошта бошанд.

Ин ягона қонуне нест, ки дар чанд моҳи охир барои сахттар кардани шароити муҳоҷирон аз ҷониби вакилону чеҳраҳои шинохтаи Русия садо медиҳад.

Пештар аз ин Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Справедливая Россия — За правду” хоста буд, ки дар ҳолати содир шудани ҷиноят аз ҷониби муҳоҷир, бояд тамом хешовандони ӯ низ аз Русия ихроҷ карда шаванд.

Миронов инчунин пешниҳод карда буд, ки саҳми иҷозаи кор барои муҳоҷирони кории хориҷӣ дар ҳар бахши фаъолияти иқтисодӣ аз теъдоди кул ба 5 дарсад коҳиш дода шавад ва барои муҳоҷирон кор дар муассисаҳои тиббӣ, таксӣ, дорухона, мактабу боғчаҳо мамнуъ карда шавад.

Ҳамзамон вакилон рус лоиҳаи қонунеро мехоҳанд мавриди баррасӣ қарор бидиҳад, ки бар асоси он муҳоҷирони бидуни тахассус натавонанд зану фарзандонашонро ба назди худ бибаранд.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР) ироа шудааст. Муаллифони он мегӯянд, ки ҳадаф аз тарҳи он пешгирӣ аз ташкили нимҷазираҳои миллатҳои дигар дар дохили Русия мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, то моҳи августи соли ҷорӣ дар Русия ҳудуди 6,5 миллион муҳоҷири корӣ ба сар мебаранд ва тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, ин омор шояд то се баробар бештар бошад.

Гуфта мешавад, вазъи муҳоҷирони корӣ, бахусус зодагони Тоҷикистон дар Русия дар гузашта ҳам хеле вазнин буд, аммо пас аз ҳодисаҳои хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” ва гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград, ки гумонбарони асосии он зодагони Тоҷикистон мебошанд, мақомоти Русия мехоҳанд шароитро барои муҳоҷирон, бахусус тоҷикистониён душвортар кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Исроил бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон

Пулис ва Хадамоти амниятии Исроил як шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.

Тоҷикистону Русия мехоҳанд ба ҳуқуқи кории муҳоҷирон расидагӣ кунанд

Тоҷикистон ва Русия қасд доранд ҳамкориҳои худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кории муҳоҷирон ва беҳтар намудани шароити кори онҳо тақвият бахшанд.

Чаро яке аз маҳбубтарин ҳаҷвнигорони Тоҷикистон бе унвони давлатӣ аз дунё рафт?

Ин мақола танҳо дар бораи Бахтиёр Раҳимов нест, дар бораи ҳамаи ҳунармандоне аст, ки солҳои дароз ба фарҳанги тоҷик хидмат кардаанд, аммо танҳо баъд аз маргашон ҷомеа аз хидматҳои онҳо ёд мекунад.

Камбуди сӯзишворӣ дар Русия ва сафҳои тӯлонӣ дар нуқтаҳои фурӯши бензин

Дар чанд рӯзи охир дар бисёре аз минтақаҳои Русия камбуди бензин ва дигар навъҳои сӯзишворӣ мушоҳида шуда, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сафҳои тӯлонии мошинҳо ба вуҷуд омадааст.