Хабар МУҲОҶИРАТ

Боздошти ду зодаи Тоҷикистон дар марзҳои Лаҳистон

Мақомоти марзбонии Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дошт, боздошт кардааст.

Боздошти ду зодаи Тоҷикистон дар марзҳои Лаҳистон Акс: Интернет

Мақомоти марзбонии Лаҳистон (Полша) як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо огоҳии сурхи пулиси байналмилалии Интерпол (Red Notice) дар ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт кардааст.

Бино ба хабари Хадамоти марзбонии Лаҳистон, ин мард шаби 23-уми ноябри соли 2026 дар гузаргоҳи муваққатии марзии Будзиско ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои мусофирони як автобус шиносномаи амалкунандаи Тоҷикистон ва иҷозатномаи иқомат дар Литваро пешниҳод кардааст.

Аммо санҷиши ҳуҷҷатҳои ӯ нишон додааст, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро бо гумони қаллобии молиявӣ дар ҷустуҷӯ қарор дода, нисбаташ огоҳии сурхи пулиси байналмилалии Интерпол (Red Notice) содир шудааст.

Пас аз анҷоми расмиёти зарурӣ ин мард боздоштшуда ба кормандони пулиси шаҳри Сувалки супурда шудааст.

Ин ягона мавриди боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон бо огоҳии сурхи Интерпол дар рӯзҳои охир нест. Рӯзҳои 22-23-уми ноябр Хадамоти марзбонии Лаҳистон як шаҳрванди 44-солаи дигари Тоҷикистонро низ дар минтақаи шаҳри Слубитсе, воқеъ дар марзи Лаҳистон бо Олмон, боздошт кардаанд. Ӯро мақомоти Русия бо гумони роҳзанӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон ҷустуҷӯ мекарданд. Ба иттилои мақомоти Лаҳистон, масъалаи истирдоди ӯ баррасӣ мешавад.

Мақомоти Лаҳистон номи боздоштшудагонро эълон накардаанд. Ҳамчунин, дар бораи сарнавишти онҳо ва мавқеи худи ин афрод дар робита ба иттиҳомҳои пешниҳодшуда маълумоте нашр нашудааст.

Мавзӯъҳои марбут