Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик дар 65-солагӣ баъд аз даҳсолаҳо хунарнамоӣ дар саҳнаи ҳунар ба Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.
Маросими баргузории ин ҷоиза дар маҳфили хурде аз ҷониби дастёри раисҷумҳур ба ӯ дода шуд. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентиябр дар Қасри миллат ба даҳо нафар мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ тақдим кард, вале Далер Назаров дар байни онҳо набуд.
Ҷоизаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 1963 таъсис шуда, барои қадрдонӣ аз шахсиятҳои машҳур ва муваффақ дар соҳаи ҳунар, адабиёт ва меъморӣ ба онҳо тақдим мешавад. Мумин Қаноъат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва даҳҳо шоиру нависанда ҳанӯз дар замони шӯравӣ соҳиби ин ҷоиза шуда буданд.