Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди наве дар робита ба ҳувиятсозии тоҷикон дар сархати расонаҳои давлатӣ қарор гирифт.
Бар асоси иттилои расонаҳои давлатӣ, Раҳмон дар ҳамоиши Анҷумани ҷаҳонии тоҷикон ва форсизабонони “Пайванд”, ки рӯзи 7-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, пешниҳод карда, ки дар пойтахти Тоҷикистон “Кохи тамаддуни ориёӣ” ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шавад. Ӯ ҳамчунин ба нашри васеи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва тақвияти нақши забони тоҷикӣ дар илм, технология ва дипломатия даъват кардааст.
Ҳамоиши илмии “Пайванд” таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол — пайвандгари тамаддуни ориёӣ” рӯзи 7-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд. Бино ба иттилои расмӣ, дар он беш аз 230 нафар аз 27 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла олимон, муҳаққиқон, адибон ва намояндагони тоҷикону форсизабонони муқими хориҷ иштирок доштанд.
Раҳмон, ки ҳамзамон раиси Анҷумани “Пайванд” аст, дар суханронии худ гуфт, ки ин созмон дар солҳои истиқлолият ба майдони ҳамгироии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёфтааст. Ӯ ҳифзи ҳувияти миллӣ ва ваҳдати фарҳангии форсизабононро дар шароити рақобати забонҳо ва фарҳангҳо “муҳим” арзёбӣ кардааст.
Яке аз пешниҳодҳои асосии ӯ таъсиси “Кохи тамаддуни ориёӣ” дар Душанбе буд. Ба гуфтаи президент, ин муассиса бояд ба як маркази илмӣ ва фарҳангӣ табдил ёбад.
Раҳмон ҳамчунин пешниҳоди таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯзро матраҳ кард. Ба гуфтаи ӯ, чунин марказ метавонад нақши Тоҷикистонро дар муаррифӣ ва густариши арзишҳои Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ тақвият диҳад.
Дар баробари ин, президент аз зарурати нашри васеи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ сухан гуфта, эҳёи ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргонро низ аз иқдомҳои муҳими давраи истиқлол номид.
Ҳувиятсозӣ ё шахсиятсозӣ?
Ба назари таҳлилгарони мустақил, дар робита ба ин масъала, ки Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои баъди истиқлол дар пешниҳоди тарҳҳои марбути ҳувиятсозии тоҷикон нақши муҳим доштааст, касе шубҳа надорад, аммо масъалаи асосӣ дар он аст, ки таърихи давлат тадриҷан ба таърихи як шахс табдил дода мешавад.
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 эълон шуд. Дар он вақт Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз раҳбари давлат набуд. Ӯ моҳи ноябри соли 1992 раиси Шӯрои Олӣ шуд. Вале талоше, ки имрӯзҳо дар расонаҳои давлатӣ ҷараён дорад, баёнгари он аст, ки миллат оҳиста-оҳиста бояд бипазирад, ки таърихи Тоҷикистон ва тамоми давстовардҳои миллии имрӯза, танҳо бо “заҳматҳои” як шахс ва он ҳам бошад Эмомалӣ ба даст омадааст. Ҳамон гуна ки нақши дигар гурӯҳҳои сиёсии кишварро аз сулҳи тоҷикон пок кард ва ҳамаро ба номи худ сабт намуд.
Дар фазои расонаҳои расмии имрӯза бештар чунин ривоят сохта мешавад, ки гӯё давлатдорӣ, сулҳ, истиқлол, эҳёи фарҳанг ва ҳатто дастовардҳои миллии солҳои баъдӣ пеш аз ҳама бо номи Раҳмон пайванд доранд. Масалан, дар матолиби расмӣ ва давлатӣ саҳми ӯ дар барқарории сохторҳои давлатӣ, сулҳ ва ваҳдат ба таври марказӣ таъкид мешавад.
Аммо аз ҷониби таҳлилгарони мустақил ин суол матраҳ мешавад, ки чаро як дастоварди умумимиллӣ бояд ба дастоварди шахсии як роҳбар табдил дода шавад? Дар ҳоле ки худи ӯ тавассути интихоботҳои баҳсбарангез ва интихоботҳое, ки нозирони байналмилалӣ борҳо шаффофият ва рақобатнокии онҳоро зери суол бурдаанд, сари қудрат омада, беш аз 30 сол аст қудратро дар даст дорад.
Мардум инро бояд донанд
- Коршиносон таъкид мекунанд, ки дар баробари фазосозии расонаҳои давлатӣ мардум бояд инро бидонанд, ки Истиқлол моликияти як президент нест. Он мафҳуми давлатӣ ва дастоварди таърихии ҷомеа аст. Таърих набояд ба номи як шахс сабт шавад.
- Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молӣ борҳо гузориш додаанд, ки интиқоли маблағҳои муҳоҷироне, ки дар хориҷ аз кишвар кор мекунанд, ҳиссаи бузурги иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз худгузаштагии ин қишри ҷафокашида бояд дар таърих сабт шавад. Чун инҳо ҳастанд, ки барои Тоҷикистон амнияти ғизоро таъмин мекунанд ва хонаводаҳоро ҳифз мекунанд.
Ҳатто дар мавриди сулҳи солҳои 1990 низ бояд таърихро ба як нафар маҳдуд накард. Манбаъҳои расмӣ ҳам эътироф мекунанд, ки барои расидан ба сулҳ музокироти тӯлонӣ, сабру таҳаммул ва гузаштҳои сиёсии ҷонибҳои гуногун зарур буд.
Аз ин рӯ, масъалаи асосӣ ин нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистони баъдиҷангӣ чӣ нақш доштааст. Масъала ин аст, ки чаро ҳукумати имрӯза (дар қолиби як ҳизби сиёсӣ) бо тамоми тавон кӯшиш дорад, таърихи сиёсии кишвар ва тамоми дастовардҳои миллиро бо табдил додани ҳақоиқ ба номи як шахс сабт кунад?
Ин ҳатто ба мисоли “Кохи тамаддуни ориёӣ” низ дахл дорад: вақте ҳатто мероси чандҳазорсолаи таърихию фарҳангӣ ба сиёсати имрӯза ва нақши як раҳбар пайванд мешавад, ба мардум ин мафҳум илқо мешавад, ки ҳувияти як миллат ва бозсозии тамаддун ба воситаи “заҳамаоти” як фарди сурат мегирад.
Истиқлолро миллат ба даст овард, давлатро ҷомеа сохт ва таърихро на як нафар, балки наслҳо менависанд. Акнун ин суол матраҳ мешавад: Чаро имрӯз ҳамаи ин бояд ба номи як президент ҷамъ ва сабт карда шавад? Таърихдонҳо, сиёсатшиносон, олимону зиёиёни имрӯзаи тоҷик ба наслҳои баъдӣ дар ин хиёнати таҳрифи таърих чӣ посухе доранд?
