Аввалин парвози нақшавии “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Маскав анҷом ёфт

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” пас аз барқарор шудани парвозҳо нахустин парвози нақшавии худро аз Душанбе ба Маскав анҷом дод. Дар ин бора маркази матбуотии ширкати “Сомон Эйр” хабар дод.

Бино ба иттилои маркази матбуотии ширкати “Сомон Эйр” бо ин ҳавопаймо 184 мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аз Душанбе ба Маскав парвоз карданд. Қайд карда мешавад, ки парвози навбатии ин ширкат рӯзи 6 апрел сурат мегирад. Бино ба иттилои ТАСС арзиши чипта ба ин масир 349 долларро ташкил медиҳад.

Русия рӯзи 25-уми март эълон кард, ки аз 1-уми апрели имсол парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Венесуэла, Сурия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Шри-Ланка аз сар мегирад.

Тибқи қарори Ситоди фаврии мубориза бо коронавируси Федератсияи Русия, парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.

Тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ бо кушода шудани парвозҳо байни Русия ва Тоҷикистон, рӯзҳои ҷумъа аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “UTair”-и Русия ва рӯзи сешанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Somon Air” парвозҳо сурат хоҳанд гирифт.

Пас аз барқарор шудани парвозҳо ширкати Русии “UTair” шаби 3 апрел дар масири Маскав – Душанбе парвоз анҷом дод, аммо бо сабабҳои номаълум ҳавопаймо бидуни шаҳрвандони Тоҷикистон ба пойтахти Русия баргашт.

Мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон ин вазъро шарҳ дода, гуфтанд, ки ҳамаи мусофироне, ки натавонистанд аз Душанбе ба Маскав бо ҳавопаймои ширкати “UTair” парвоз кунанд, метавонанд рӯзи 9 апрел бо ҳамон ҳавопаймо бидуни мамониат парвоз кунанд.

Ёдовар мешавем, ки 20 марти соли 2020 Тоҷикистон дар робита бо пандемияи коронавирус тасмим гирифт, ки ҳаракати ҳавоӣ бо дигар кишварҳоро муваққатан боз дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Барқи офтобӣ барои 64 ҳазор аҳолии Бадахшон: “лимит” аз байн меравад?

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обӣ, зеристгоҳ ва хатти нави интиқоли барқ ифтитоҳ шуд.

Кишварҳои ИА барои таҳияи механизми бозгардонии муҳоҷирон мувофиқат карданд

Вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати 18 кишвари аврупоӣ ба таҳияи механизми нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карданд.

Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард

Тоҷикистон дар таърихи худ бори аввал номзадияшро ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Бехатарии СММ барои солҳои 2028–2029 пешниҳод кард.

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.