21.9 C
Dushanbe

“Ғаюр Семент” ҳамаро ба дод овардааст, кӣ бояд назорат кунад?

Гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Соҳибкорон-2 ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз он шикоят доранд, ки рафтуои мошинҳои боркаши марбут ба ширкати “Ғаюр Семент” роҳи маҳалларо хароб кардаанд.

Сокинон рӯзи панҷшанбе, 30-октябр ба Azda tv гуфтанд, ки мошинҳои боркаш бо вазни хеле зиёд аз байни маҳалла мегузаранд, бар замми он ки роҳро пурра хароб кардаанд, инчунин “тамоми маҳалларо зери чангу ғубор гузошта, нафаскашӣ душвор шудааст.” Онҳо мегӯянд, ба чанд ниҳоди марбута муроҷиат карданд, вале касе ба додашон намерасад.

“Камазҳо ба дохили маҳалла мегузаранд, ҷойҳои бозии кӯдакон ва нишасти мардум пур аз чангу ғубор мешавад, кӯдакон ҷои бозӣ кардан надоранд дигар.”, мегӯяд як ҳамсуҳбати мо. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки “Талабаҳо бо либоси сафед аз хона мебароянд то мактаб нарасида, либосҳояшон аз чангу ғубори камазҳо сиёҳ мешавад ва агар борон борад, ҳамаҷо лой мешавад.”

Сокинони ин маҳаллаи пойтахт ҳамчунин гуфтанд, ки дигар маҳаллаҳо роҳи камазҳоро бастанд, “аз саршавии Колхози Русяи то Ҳазрати Мавлоно ҳамаи онҳо ба кӯчаи мо мегузаранд. Ҳеч кас ба доди мо намерасад, чӣ кор кунем?” Сокинон мегӯянд, ки ин рафтуои мошинҳои боркаш ҳаррӯз аз саҳари барвақт то шаб идома мекунад.

Онҳо таъкид мекунанд, ки роҳҳо ҳама хароб шуданд ва барои таъмири барқу трасформатор ва лӯлаҳои обкашонӣ давлат аз мардум пул ҷамъ мекунад, вале ҳеч кореро намекунад ва мардуми маҳалла маҷбур мешаванд дигарбора худашон пул ҷамъ карда, аз пас ободонӣ шаванд.

“Роҳи маҳалларо мардум бо ҳашар ва кумаки ҳамдигар обод карданд ва роҳро чароғон карданд. Дар тарафи роҳи ободшуда акси Эмомалӣ Раҳмонро низ насб карданд. Вақте камазҳо рафтуомадро оғоз карданд, бар рӯи акси Президент лой пошид. Аз ноҳияи Шоҳмансур милисаборон шуд, ки чаро бар рӯи акси Президент лой паридааст. Аммо чанд сол аст мардуми маҳалла дар даруни лойю чанги ин камазҳо зиндагӣ доранд, бо вуҷуди муроҷиатҳо ҳеч кас ба доди мо намерасад.”, бо нигаронӣ афзуд як сокини ин маҳалла.

Сокинон мегӯянд, борҳо бо худи ронандагон суҳбат кардаанд, ки барои чангу ғубор нашудан ақалан шумо дар дохили маҳалла оҳиста ҳаракат кунед, чун инҷо кӯдакон бозӣ мекунанд ва мардум зиндагӣ доранд, вале онҳо гӯш намекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ширкатҳои сементбарории “Ҳуаксин Ғаюр Семент” ва “Ҳуаксин Ғаюр Индастриал” ба Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов тааллуқ дорад. Ва ин мошинҳое, ки сокинони маҳаллаи пойтахт шикоят доранд, барои ин ширкат кор мекунанд.

Гуфта мешавад, ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент” 13 сол қабл ба кори худ шуруъ карда, солона 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунад. Дар кишвар беш аз 13 корхонаи бузурги сементбарорӣ фаъолият мекунанд, ки 90% сементи кишварро ширкатҳои марбут ба Акбар Ғуломов истеҳсол мекунанд.

Парлумони Тоҷикистон махсус бо фармони Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2012 ширкати “Ҳуаксин Ғаюр Семент”-ро аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда буд.

Он замон дар расонаҳои давлатӣ гуфта мешуд, ки ширкати “Ҳуаксин Ғаюр Семент” дар баробари ба фаъолият шуруъ карданаш 1000 нафар аз шаҳрвандони кишварро бо ҷои кор таъмин мекунад. Аммо соли 2023 дар гузориши махсуси “Азия Плюс” дирктори маъмурӣ ва идоракунии ин ширкат Парвиз Собирзода гуфт, ки ҳоло дар ин ширкат 360 нафар кор мекунанд ва танҳо 80% онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, боқӣ шаҳрвнадони Чин кор мекунанд.

Ҳамчунин парлумони Тоҷикистон охири моҳи декабри соли 2020 як ширкати дигаре, ки марбут ба Акбар Ғуломов аст бо номи “Ғаюр Пак” низ барои 5 сол аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард. Гуфта мешавад, ин ширкат ба истеҳсоли халтаҳои пластикӣ машғул аст ва солона 50 миллион халта истеҳсол мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкатҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон аз имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла озод шудан аз пардохти андоз ва арзиши иловашуда баҳраманданд, вале солона даҳҳо ширкате, ки ба раисҷумҳур ва хонадони ӯ наздик нестанд, аз фишори мақомот ва андози зиёд фаъолияти худро қатъ мекунанд.

Ба гуфтаи баъзе мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, онҳое, ки ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон бо ҳар роҳе наздикӣ дошта бошанд, дигар ҳар коре кунанд, ҳеч қонуне наметавонад пеши роҳи онҳоро бигирад. Аз ҷумла, аз байни як маҳаллаи кӯчак дар шаҳри Душанбе гузаштани мошинҳои бузурги боркашонӣ, ки онҷо кӯдакон бозӣ мекунанд ва ҳамаро чангу ғуборолуд кардан, ки дигар зиндагиро барои мардум душвор мекунад, ғайриқонунӣ буда, ба ҳеч ваҷҳ чунин кирдор тавҷеҳе надорад. Аммо мутаассифона, ин ширкатҳо, ки ба хонаводаи оилаи президенти худкома наздикӣ доранд, поймол шудани ҳуқуқи мардуми оддӣ барояшон муҳим нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танҳо дар Перм 1200 шаҳрванди нави Русия ба қайди ҳарбӣ гузошта шуданд

Дар вилояти Перм тақрибан 1,2 ҳазор хориҷие, ки давоми даҳ моҳи соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба қайди ҳарбӣ гузошта шуданд.

Вашингтон ва Пекин ба созиши тиҷоратӣ наздик мешаванд

Рӯзи 30-уми октябр раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва раҳбари Чин Си Ҷинпин дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ мулоқот карданд.

Муаллимон дигар “облава” намешаванд?

Ҳамаи муаллимони мактабҳо дар давраи фаъолияти касбии худ бояд дигар "облава" нашаванд.

Дар Ал-Фошири Судон чӣ мегузарад?

Бино ба иттилои Камисари ёрии кумакҳои инсонӣ дар Судон, Нерӯҳои зудамали ин кишвар 2 ҳазор ғайринизомиро дар шаҳри Ал-Фошир қатли ом карданд.