Шаби 5 ба 6-уми декабри соли ҷорӣ дар деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт домоду арӯс бар асари дуди ангишт заҳролуд шуда, ҷон бохтанд.
Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навишта, ки домод 25-сола ва арӯс 18-сола буда, ҳамагӣ ду моҳ пеш оиладор шуда буданд.
Ба гуфтаи манбаъ, шаби 5-уми декабр ҳаво сард мешавад ва зану шавҳар барои гарм кардани хона аз ангишт истифода бурда, аз дудаш заҳролуд мешаванд. Наздикони домод аз ин ҳодиса дер, яъне субҳи 6-уми декабр огоҳ мешаванд ва онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо зану шавҳар дар роҳ ҷон медиҳанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистн ба сабаби дуди ангишт ба ҳалокат расидани ин зану шавҳари ҷавонро имрӯз бо нашри изҳороте расман тасдиқ кард.
Бояд гуфт, ҳамасола бо оғози сардиҳо дар тирамоҳу зимистон барқ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба сокинон бо реҷаи муайян дода мешавад ва дар пайи ин бебарқӣ ва сардии ҳаво аҳолии кишвар маҷбур мешаванд, хонаҳои худро бо бухориҳо гарм кунанд ва аз ангишт истифода карданд.
Ва ин боиси даҳҳо ҳолати заҳролуд шудан ва ё марги сокинон бар асари дуди ангишт ва сӯхтори хонаҳо гаштааст. Аз ҷумла, шаш сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, бар асари дуди ангишт соли гузашта ҷон бохта буданд. Ба қавли расонаҳо, ин шаш нафар иборат аз падари 38-солаи ин хонавода, модари 37-сола, фарзандони 11, 9, 8 ва 6-сола буданд.
