Дар Русия аз ҷомадони як муҳоҷири тоҷик “электрошокер” ёфтанд
Дар фурудгоҳи Красноярски Русия аз ҷомадони як муҳоҷири меҳнатии шаҳрвнади Тоҷикистон силоҳи сарди таппончаи беҳискунанда (электрошокер) ёфт ва мусодира шудааст. Акс: Интернет Ба гуфтаи мақомоти фурӯдгоҳ, ин ҷавони 22-солаи тоҷик, ки аз Красноярск ба самти Душанбе парвоз мекард, силоҳи сард будани онро намедонистааст. Ӯ онро як асбоби равшанидиҳанда (фонари)-и оддӣ фикр карда, бо худ гирифтааст. […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Дар фурудгоҳи Красноярски Русия аз ҷомадони як муҳоҷири меҳнатии шаҳрвнади Тоҷикистон силоҳи сарди таппончаи беҳискунанда (электрошокер) ёфт ва мусодира шудааст.
Акс: Интернет
Ба гуфтаи мақомоти фурӯдгоҳ, ин ҷавони 22-солаи тоҷик, ки аз Красноярск ба самти Душанбе парвоз мекард, силоҳи сард будани онро намедонистааст. Ӯ онро як асбоби равшанидиҳанда (фонари)-и оддӣ фикр карда, бо худ гирифтааст.
“Пас аз мусодираи моли мамнӯъ аз ҷониби кормандони гумрук, он барои ташхис фиристода шуд, дар натиҷаи тафтиш маълум гардид, ки асбоби тафтишшуда силоҳи сард будааст. Дар навбати худ мусофири ҳавопаймо шарҳ дод, ки ин дастгоҳро чароғаки оддӣ гумон кардааст ва аз вазифаҳои иловагии он хабар надорад.”, омадааст дар хабар.
Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад, ки нисбати ин ҷавони тоҷик парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 16.3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия тартиб дода шудааст. Мувофиқи ин банди қонун боздоштшуда бо пардохти ҷарима то 2,5 ҳазор рубли русӣ озод мешавад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.