26.9 C
Dushanbe

Дар Русия аз ҷомадони як муҳоҷири тоҷик “электрошокер” ёфтанд

Дар фурудгоҳи Красноярски Русия аз ҷомадони як муҳоҷири меҳнатии шаҳрвнади Тоҷикистон силоҳи сарди таппончаи беҳискунанда (электрошокер) ёфт ва мусодира шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти фурӯдгоҳ, ин ҷавони 22-солаи тоҷик, ки аз Красноярск ба самти Душанбе парвоз мекард, силоҳи сард будани онро намедонистааст. Ӯ онро як асбоби равшанидиҳанда (фонари)-и оддӣ фикр карда, бо худ гирифтааст.

“Пас аз мусодираи моли мамнӯъ аз ҷониби кормандони гумрук, он барои ташхис фиристода шуд, дар натиҷаи тафтиш маълум гардид, ки асбоби тафтишшуда силоҳи сард будааст. Дар навбати худ мусофири ҳавопаймо шарҳ дод, ки ин дастгоҳро чароғаки оддӣ гумон кардааст ва аз вазифаҳои иловагии он хабар надорад.”, омадааст дар хабар.

Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад, ки нисбати ин ҷавони тоҷик парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 16.3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия тартиб дода шудааст. Мувофиқи ин банди қонун боздоштшуда бо пардохти ҷарима то 2,5 ҳазор рубли русӣ озод мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали...

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се...

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии...

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки "дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт"-и...