22.9 C
Dushanbe

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд. 

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки бо талоши зиёди фаъолон, ҳомии ҳуқуқ аз Украина Анвар Деркач ва вакили дифои лаҳистонӣ тавонистанд дар охирин лаҳза монеи истирдоди ин паноҳҷӯ дар Фурӯдгоҳи Варшава шаванд. 

Бино ба иттилои Бобоев, қазияи Сорбон Абдураҳимзода ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон дар Страссбург рафта буд ва додгоҳ аз мақомоти Лаҳистон хоста буд, ки ӯро то анҷоми баррасии шикояташ истирдод накунанд.

Қарор аст рӯзҳои наздик яке аз Додгоҳҳои Лаҳистон қазияи Сорбонро аз нав баррасӣ бикунад. 

Пӯлодҷон Абдураҳимзода, падари Сорбон Абдураҳимзода, рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар сурати истирдод фарзандашро дар Тоҷикистон “азияту шиканҷа ва эътирофи маҷбурӣ ба гуноҳи нокарда” ӯро интизор аст.

Гуфта мешавад, Сорбон Абдураҳимзода бо хонаводааш дар Украина зиндагӣ мекард ва баъди ҳамлаи Русия ба Украина моҳи феврали соли 2022 ба Лаҳистон паноҳ овард. 

Вале ҳангоми вуруд ба қаламрави Лаҳистон маълум шудааст, ки исми Сорбон Абдураҳимзода дар рӯйхатти Интерпол қарор дорад ва ба ин далел, ӯро дастгир карданд ва аз ҳамон вақт ӯ дар як боздоштгоҳи муҳоҷирон қарор дошт.

10-уми июни соли 2022 додгоҳи минтақаи Пшемишли Лаҳистон ҳукми истирдоди шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро таъйид ва ба истирдоди ӯ раъй дода буд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ надодаанд, ки чаро Сорбон Абдураҳимзодаро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд. Аммо падараш мегӯяд, ки мақомот ӯро барои гуё “лайк”-гузорӣ дар зери навори мухолифон ва пайравӣ аз он муттаҳам кардаанд. Чизе, ки ба гуфтаи падари Сорбон “асос надорад”.

Пештар аз ин Сорбон дар Украина ҳам боздошт шуда буд, вале Украина аз истирдоди ин паноҳҷӯи тоҷик ба Душанбе худдорӣ карда буд.

Ҳомии ҳуқуқ Анвар Деркач моҳи июни соли гузашта дар суҳбат ба Azda.tv гуфта буд, ки Сорбон Абдураҳимзода аз ҷониби мақомоти тоҷик ба иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои ифротии ДИИШ ва “Алқоида” дар пайгард қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта баъд аз ихроҷи чанд паноҳҷӯи тоҷик аз Аврупо ба Тоҷикистон ҳамаи онҳо барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Аз ҷумла, соли 2020 додгоҳе дар Утриш Ҳизбулло Шовализодаро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд ва ӯро дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. 

Инчунин моҳи январи соли 2023 мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди узви аршади ҲНИТ Шамсиддин Саидовро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва дар Тоҷикистон ӯ барои 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қазоқистон беш аз 310 ҳазор қурбонии сиёсиро сафед кард

Қазиқистон ҳам мисли хеле дигар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қурбониёни сиёсии даврони столниашро сафед кард, Тоҷикистон чӣ?

HRW дар нома ба Байден аз нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Ҷо...

Таҳдид зиндон барои навиштани “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз ин ба баъд ирсоли паёмаки "Ҷумъа муборак"-ро дар Тоҷикистон ҷурм дониста, барои он то ҷарима ва ҳатто ҳабсро пешбинӣ кардаанд.

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.