7.9 C
Dushanbe

Аз Насимҷон Шарифов то ҳол хабаре нест

Бо гузашти се рӯз аз Насимҷон Шарифов, намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Туркия то ҳол хабаре нест.

Бино ба иттилои сомонаи “Гурӯҳи 24”, Насимҷон Шарифов субҳи 23-юми феврал аз ҷойи зисташ ба берун баромада, бедарак шудааст ва гӯшиаш низ хомӯш аст.

Дар иттилоияи ин ҳаракати сиёсӣ гуфта мешавад, ки “намояндагони “Гурӯҳи 24” дар Туркия солҳои охир ҳамвора навиштаҳои таҳдидомезе дарёфт мекарданд, ки ба зудӣ кушта ва ё ба Тоҷикистон рабуда хоҳанд шуд”.

Гуфта мешавад, мақомоти Туркия дар гузашта чанде аз фаъолони “Гурӯҳи 24”-ро бо дархости Душанбе дастгир, вале дертар раҳо карда буданд.

Аз ҷумла, худи Насимҷон Шарифов ҳамроҳи Суҳроб Зафар дар соли 2018 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир ва зиндонӣ шуда буданд, вале баъди ду моҳ, додгоҳи шаҳри Истанбул онҳоро озод карда буд. Баъдан, Насимҷон боз ду бори дигар аз тарафи пулиси шаҳри Истанбул боздошт ва раҳо шуда буд.

“Гурӯҳи 24” мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон барои бозпас бурдани намояндагонаш дар Туркия ба таври расмӣ муваффақ нашуда буданд ва эҳтимол меравад, ки Насимҷонро ин бор рабуда бошанд.

Суҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки навори дурбинҳои назоратиро ба даст оварданд.

“Дар навор дида мешавад, ки Насимҷон шаби 22-юми феврал, соати 22:45, ба хона даромада, субҳи 23-юми феврал, соати 8:15, аз онҷо берун шудааст. Соати 9 мулоқот дошт. Дар давоми 45 дақиқа гум шудааст. Кори моро рӯзҳои таътил каме мушкил кард. Дар онҷо намояндаҳои мо ҳастанд, кор мекунанд” – гуфтааст Суҳроб Зафар.

Бо гузашти беш аз 3 рӯз то ҳол мақомоти Туркия дар бораи бедарак шудани ин фаъоли сиёсии тоҷик чизе нагуфтаанд ва ҷониби Тоҷикистон низ хомӯш аст.

Гуфта мешавад, Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия зиндагӣ мекунад ва ҳуҷҷатҳoи паноҳандагӣ дар ин кишварро низ дорад ва тамоми қоидаҳои будубоши ин кишварро риоят кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Лаҳистон, дар баёнияе аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки рабудан, таъқиб ва фишорро болои дигарандешон хотима бидиҳад ва қонунҳои ҷории кишвар ва байнулмилалиро риоят кунад. Инчунин Кумита аз тамоми мухолифон ва паноҳандагони сиёсӣ талаб кардааст, ки ҳарчи зудтар кишварҳоеро, ки барояшон хатар дорад, тарк кунанд.

Насимҷон Шарифов дар ҳоле дар Туркия нопадид мешавад, ки 15-уми январ Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки Туркия барои шахсоне, ки ба Тоҷикистон аз нигоҳи амниятӣ хатар доранд, паноҳгоҳ нест ва ҳамин гуна Тоҷикистон ҳам ҳассосиятҳои ҷониби Туркияро ба назар мегирад.

Умут Аҷар он замон гуфта буд, ки дар ҳолатҳои лозима ин гуна нафаронро мақомоти Туркия аз кишвар хориҷ мекунанд ва Тоҷикистон ҳам ин корро хоҳад кард. 

Бояд гуфт, моҳи майи соли 2023 Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Туркия бо додситони кулли ин кишвар Бекир Шаҳин масъалаҳои созмонҳои террористӣ эътироф кардани ташкилотҳои хатарзоро дар ҳудуди якдигар ва истирдоди ҷинояткорону маҳкумшудагонро баррасӣ карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.