26.9 C
Dushanbe

Аз нишасти Қатар чӣ ҳолсил шуд?

Рӯзи душанбе, 15-уми сентябри соли ҷорӣ сарони 57 давлати арабӣ ва исломӣ бо баргузории ҷаласае дар шаҳри Давҳаи Қатар гирди ҳам ҷамъ омаданд.

Дар ин ниашст изтирорӣ ва ғайринавбатии раҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ масъалаи ҳамлаи Исроил ба хоки Қатар баррасӣ шуд. Ин ҳамла рӯзи 9-уми сентябр бо мақсади аз байни бурдани раҳбарони ҲАМОС сурат гирифт.

Аксари раҳбарони кишварҳо ин ҳамларо маҳкум карда, иттиҳоду ҳамбастагии кишварҳои арабӣ ва исломиро зарур шумориданд.

Дар охири ҷаласа баёнияи умумӣ нашр шуд ва дар он таъкид гардид, ки бояд кишварҳои узви СҲИ бар зидди нақшаҳои Исроил, ки барои эҷоди ҳолати нобасомонӣ дар минтақа талош дорад, якпорча шаванд ва дар ҳама ҳолат иттиҳод ҳамдилӣ бо кишварҳои сонзмон зарур шуморида шуд.

Ҳамчунин дар баёния талоши Исроил барои иҷборӣ муҳоҷир кардани мардуми Фаластин ва қатлу куштор дар Ғазза ба шиддат маҳкум шудааст.

Кишварҳои узви СҲИ дар ин нишаст бар зарурати иҷбор кардани Исроил барои поён додани ҷанг ва иҷрои нақшаи арабӣ-исломӣ оид ба бозсозии ҳарчи зудтари Навори Ғазза таъкид шуд. Инчунин гуфта шуда, ки аз донорҳои байналмилалӣ барои пешниҳоди кумаки зарурӣ ва ҳавасманд намудани онҳо барои ширкат дар конфронси вежа барои бозсозии Ғазза, ки қарор аст дар Қоҳира пас аз расидан ба оташбас баргузор гардад, даъват шавад.

Дар баробари ин, рафтори сиёсӣ ва низомии Исроил бар зидди аҳолии Ғазза, ки як фоҷеаи бузурги инсонии бесобиқаро дар ин борика ба вуҷуд овардааст ва гуруснагиву маҳрум сохтан аз дору дармонро бар зидди аҳолӣ ҳамчун силоҳ истифода бурдан аз ҷониби Исроил маҳкум гардид.

Аз кишварҳои узви СҲИ хоста шуд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид масъалаи бознигарӣ шудани узвияти Исроил дар СММ-ро бардоранд. Ба асоси ин баёния, Исроил аксари қавонин ва муқаррароти ин созмони байналмилалиро поймол кардааст ва узвияти ӯ бояд бознигарӣ шавад.

Аммо то куҷо метавонад, ин қарорҳо ба Исроил таъсири худро расонад ва ҷанг дар Ғазза ба поён расад, маълум нест. Ба назари коршиносон, дар нишасти Давҳа ба ҷуз маҳкум кардан ҳеч иқдоми амалӣ ва муассире сурат нагирифтааст, ки битавонад пеши роҳи қатлу кушторро дар Ғазза бигирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба қатли ом мезанад

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар...