Аз қатли Умаралӣ Қувватов, бунёдгузор ва раҳбари собиқи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” даҳ сол гузашт.
Марҳум Қувватов шаби 5-уми марти соли 2015 бо зарби тир дар 47-солагӣ дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуда буд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, бегоҳи ҳамон рӯз ин мухолифи ҳукумат ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш ба хонаи Сулаймон Қаюмов барои хӯроки шом даъват шуда буд ва дар ҷараёни он, ҳамаи аъзои хонавода худро бад ҳис карданд ва Қувватов зуд ҳамсару фарзандонашро ба кӯча баровард, то ҳавои тоза гиранд ва барои расидан ба бемористон кӯшиш кунанд. Дертар маълум гардид, ки ғизо заҳролуд будааст ва зану фарзандони марҳумро дар бемористон бистарӣ кард.
Гуфта мешавад, тақрибан соати 22:30, замоне ки онҳо берун аз хона буданд, як шахси ношинос аз қафо ба Қувватов наздик шуда, ба сари ӯ як тир холӣ мекунад, ки дар натиҷа Умаралӣ Қувватов дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳад ва қотил фирор мекунад.
Бино ба иттилои мақомоти тафтишотии Туркия, гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон тақрибан се моҳ барои анҷоми ин ҳодиса омодагӣ дида, ҳаракоти Қувватовро пайгирӣ мекарданд.
Сулаймон Қаюмов, мизбон ва нафари калидӣ дар ин сӯиқасд пас аз куштор кӯшиши фирор ба Қазоқистонро кард, вале дар фурудгоҳи он кишвар бо дархости пулиси Туркия боздошт ва ба Истамбул истирдод гардид. Моҳи феврали соли 2016 додгоҳи Истамбул Қаюмовро дар қатли Қувватов гунаҳгор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳамчунин ду нафари дигари ҳамроҳаш боздошт шуданд, вале эҳтимол меравад, ки чанд тани дигар аз омилони ин ҳодиса ба Русия гурехтаанд.
Ба гуфтаи мунтақидони режими имрӯзаи Тоҷикистон, бо вуҷуди ба ҷавобгарӣ кашида шудани қисме аз омилони қатли Қувватов фармоишгарони аслии он, ки дар доираҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд ва аз наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешаванд, бидуни ҷазо монданд.
Ҳатто Қумринисо Ҷабборова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов баъдтар изҳор дошт, ки “бо итминон метавон гуфт, ин корро аъзои хонадони президент, аз ҷумла ҳамон домоди ӯ (Шамсулло Соҳибов), анҷом доданд”.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ин кушторро идомаи силсилаҷиноятҳои сиёсии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи қудрат номида, мегӯяд, ин амали хунин дар хоки кишвари хориҷӣ сурат гирифта, ҳамчун терроризм ё ҳатто терроризми давлатӣ маҳкум гардидааст.
Аммо мақомоти Тоҷикистон дар гузашта даст доштанашро дар қатли Қувватов рад карда, баръакс, ин мухолифро ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фаъолиятҳои ифротгароёна муттаҳам карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки Умаралӣ Қувватов, дар гузашта яке аз тоҷирони муваффақ буд ва Шасулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур Раҳмон бо ӯ ҳамкорӣ карда, дертар тиҷорати Қувватовро кашида гирифта аст.
Пас аз ин, Умаралӣ Қувватов соли 2012 кишварро тарк кард ва дар Маскав Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод ва аз сиёсатҳои давлати Эмомалӣ Раҳмон интиқоди сахт мекард. Инчунин ин созмон чанд гирдиҳамоиҳо бо иштироки муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русия баргузор кард ва сокинони Тоҷикистонро ба як ҳамоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе даъват карда буд.
Баъдтар Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро манъ ва онро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ дохил кард.
Худи марҳум Умаралӣ Қувватов соли 2013 дар Дубай ва моҳи декабри соли 2014 дар Истанбул бо дархости Тоҷикистон аз тарафи “Интерпол” дастгир шуд, вале ӯро ба Душанбе насупурданд.
Пас аз қатли ӯ ҳамсару фарзандонаш дар яке аз кишварҳои ғарбӣ паноҳанда мебошанд ва пайравонаш дар доираи созмони бунёдкардааш фаъолиятро идома дода истодаанд.