20.9 C
Dushanbe

Ҷазои ҷиноӣ барои напардохтани пули барқ

Имрӯз, 27-уми март маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки вазирону раисон ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа аъзои Ҳукумат дар баробари тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳо, тақсимоти замин, соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва гумруки кишвар, масъалаи истифодаи нерӯи барқро низ баррасӣ кардаанд.

Бино ба навиштаи сомонаи расмии Президент, Эмомалӣ Раҳмон “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд”.

Инчунин Раҳмонов хостааст, барои истифодаи “ғайриқонунии нерӯи барқ” ва “напардохтани пули он” ҷавобгарии ҷиноӣ таъйин карда шавад.

Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон аз таъйини ҷазои ҷиноӣ барои напардохтани маблағи барқ мегӯяд, ки сокинони кишвар аз камбуди барқ ранҷ мекашанд ва маълум нест, ки раисҷумҳур барои бартараф намудани ин мушкилот чӣ иқдоме гирифтааст.

Ҳамзамон онҳое, ки пули барқро пардохт намекунанд бештар корхонаву шахсонеанд, ки ба хешовандони мансабдорони баландпоя ва корхонаҳои давлатӣ тааллуқ доранд.

Аз ҷумла, дар нишасти матбуотии имсола, масъулони Шабакаҳои тақсими барқ гуфта буданд, ки то ҳол беш аз 4 миллиард сомонии пули барқ пардохт нашудаааст. Аввалин қарздор аз барқ ширкати “Талко” аст, ки ба додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода тааллуқ дорад ва ин ширкат 570 млн сомонӣ аз барқ қарздор аст. Баъд аз он Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ бо беш аз 186,6 миллион сомонӣ дар ҷойи дуюм ва Обу корези ҷумҳурӣ бо 123,4 милион сомонӣ қарз дар ҷойи сеюм қарор доранд. Инчунин корхонаҳои буҷавӣ 96,6 млн сомонӣ ва НБО “Роғун” беш аз 14,3 млн сомонӣ аз барқ қарздоранд.

Мақомот қарзи сокинонро аз нерӯи барқ то моҳи январи соли 2025 як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ гуфта буданд, аммо коршиносон ва худи сокинон ин оморро зери шубҳа қарор дода, мегӯянд, ки шаҳрванди оддӣ агар пули барқро дар вақташ пардохт накунад, кормандони барқ барқашро қатъ мекунанд.

Инчунин тибқи қарори нави Ҳукумати кишвар, аз якуми апрели соли 2025 арзиши нерӯи барқ низ боло рафта. Сокинон барои ҳар киловат соат барқ ба ҷойи 30,37 дирам 35,36 дирам, корхонаҳои коркарди нахи пахта 40,45 дирам, литсей ва гимназияҳои хусусӣ 60,70 дирам ва корхонаҳои истеҳсолӣ 80,90 дирам пардохт хоҳанд кард.

Аммо, ин дар ҳолест, ки бо нархномаи нав ба ширкатҳои наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нерӯи барқ арзонтар фурӯхта мешавад. Аз ҷумла, “Талко” барои ҳар киловат соат барқ – 20,77 дирам, “Азот” – 35,36 дирам ва “Комбинати металлургии Тоҷикистон” – аз 1-уми май то 30-юми сентябр 14,19 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел 80,90 дирам пардохт мекунанд.

Нархи ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ барои Афғонистон 46 дирам (4,2 сент), барои Узбекистон 21,2 дирам (ҳудуди 2 сент) ва барои Қирғизистон 10,7 дирам (0,98 сент)-ро ташкил медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW: ИА бояд бо кишварҳои ОМ ҳуқуқи инсонро дар маркази муколама гузорад

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи ҳуқуқи башарро дар мадди аввал гузорад.

Иди Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри қароре рӯзи баргузории Иди Рамазонро дар қаламрави Тоҷикистон эълон кард.

Огоҳии мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия қарор доранд, даъват намуда, ки ҳуҷҷатҳо ва ҳузури худро дар ҳудуди ин кишвар қонунӣ гардонанд.

Киҳо шомили “бахшиш”-и Эмомалӣ Раҳмон шуданд?

Бар асоси афви эълоннамудаи Эмомалӣ Раҳмон, 897 зиндонӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон озод карда шуданд, вале дар байни онҳо рӯзноманигорон ва сиёсиён нестанд.