9.9 C
Dushanbe

Хазонрез – Истеъфои масъулони баландпояи ҲНИТ

Дар рӯзҳои охири соли ҷорӣ ду масъули баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сафи ҳизб канор рафтанд.

Рӯзи 30-уми декабри соли 2025 Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии ин ҳизб, бо нашри баёнияи расмӣ дар Фейсбук истеъфои худро аз ҲНИТ эълон карданд.

Дар баёнияи муштараки ин ду узви Раёсати олии ҲНИТ сабаби истеъфояшонро баъди се даҳсола фаъолият дар ҲНИТ чунин баён намудаанд:

Мо эълом менамоем, ки баъди беш аз се даҳа фаъолият, аз фаъолият дар чорчӯби исломи сиёсӣ канорагирӣ мекунем. Ҷараёнҳо ва аҳзоби исломӣ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бахше аз ин ҷараён ва ҷаҳонбинӣ маҳсуб мешаванд. Мо дигар ҳеҷ гуна иртиботи фикрӣ ва ташкилотӣ бо ин ҷараён надорем.

Ҳамчунин ин ду масъули мустаъфии ҲНИТ дар баёнияи муштараки худ таъкид мекунанд, ки: “Мо бар ин натиҷа расидем, ки исломи сиёсӣ дар ниҳоят ба бунбаст мерасад. Ин тасмим сирфан бар асоси қаноати фикрӣ ва натиҷаи баррасии шахсии тулонӣ қабул гардидааст“.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов дар суҳбат бо Azda TV низ истеъфояшонро таъйид карданд ва ҷуз баёнияи кӯтоҳ шарҳи бештаре надоданд. Муовини раиси ҲНИТ Исломҷон Саидов низ дар суҳбати кӯтоҳе бо Azda TV истеъфои сухангӯ ва масъули равобити хориҷии ҲНИТ-ро таъйид карда гуфт: “Дар ҳақиқат онҳо истеъфояшонро расман дар ҷаласае, ки рӯзи 26.12.2025 баргузор гардида буд, эълон карданд ва ҲНИТ мавқеи расмии худро дар рӯзҳои наздик расонаӣ хоҳад кард.”

Аммо пеш аз эълони расмии истеъфо аз тарафи масъулини собиқи ҲНИТ, як рӯз пеш Абдуллоҳ Амониён дар Фейсбукаш пости кӯтоҳе навишта буд: “Нафаре, ки ба худ эҳтиром дорад ва ҳисси ҳақиқатшиносияш зинда аст, ҳатман ба ҳамон соате мерасад, ки бозиҳои шубҳаноки “роҳбарони ягона” барояш манфур мегарданд.
Ва ҳатман аз ин ҷамъ мегурезад!
Дуруд ба мардони ҳақшинос!”

Амониён дар суҳбат бо Azda TV таъйид кард, ки ин ишораи ӯ ба истеъфои ду масъули аршади ҲНИТ буд, аммо маълум нест, ки чӣ гуна ӯ пеш аз эълони расмӣ аз он хабар дошт.

Ин дар ҳолест, ки Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҳаракати «Ватандор», 18 соат пеш аз нашри изҳороти расмӣ дар Фейсбук истеъфои Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмовро расонаӣ кард. Ӯ зимни шарҳ ва ҷузъиёти истеъфои онҳо чунин навишт: “Рӯзи ҷумъаи муборак барои раиси исломиёни тоҷик номуборак омад. Дар маҷлиси ҳизб ду нафар шахсони калидии ҳизб – Маҳмудҷони Файзраҳмон, раиси равобити хориҷии ҳизб ва Бобоҷон Қайюм, сухангӯи ҳизб, истеъфо доданд ва эълон карданд, ки дигар узви ҲНИТ нестанд”.

“Рӯзи ҷумъа” – гуфтани Додоҷон Атовуллоев ба 26-уми декабр рост меояд, ки ҷаласаи ҲНИТ маҳз ҳамин рӯз сурат гирифт ва муовини раиси ҲНИТ Исломҷон Саидов низ онро таъйид кард.

Вокунишҳо ба истеъфои сухангӯ ва масъули равобити хориҷии ҲНИТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар зери баёнияи муштараки ин ду масъули ҳизб корбарон вокунишҳои зиёд кардаанд. Аз ҷумла, Иброҳим Саиднуриддин чунин навиштааст:

“Пайравони ростини ин дини комили илоҳӣ дар рӯи олам ҷомеаҳоро тарбият карданд, давлатҳо сохтанд, ихтироъҳо карданд, империяҳоро шикастанд, империяҳои қавӣ сохтанд, дар ҳама соҳаҳои рӯзгор пешрафтатарин буданд ва тибқи аҳкоми ин дин асрҳои мадид дар ҳар гӯшаи олам аз Ҳинд то Андалус давлатдорӣ намуданд. Ҳам масҷидӣ буданд ва ҳам парламентӣ. Ҳам намози шаб хонданд, ҳам дар сафи ҷанг буданд. Ҳам хатиби рӯи минбар буданду ҳам сафири давлати дигар. Онҳо барои олам намунаи бузурги инсоният ва давлатдориро нишон доданду рафтанд. Имрӯз мо на динамонро дуруст омӯхтем ва на онро дуруст татбиқ намудем ва дар натиҷа чун ба бунбаст гирифтор шудем, гуфтем: “Исломи сиёсӣ ба бунбаст мерасад”. Айби худро ба дигарон бастан айб аст, ба Ислом бастан айби бадтар аст, агар чизи дигар набошад”.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён:

Инсонҳо дар интихоби андеша ва роҳи сиёсӣ озоданд. Қарори шуморо эҳтиром қоил ҳастам. Вале инсон будан тақозо мекунад, ки аз одамоне, ки дар чорчӯби ин ё он андеша ё ташаккули сиёсӣ ранҷондаву озордида шудаанд, узр пеш оварда шавад. Ҳарду ҳам саломату сарбаланд бошед“.

Муҳаммад Саидризо, узви Раёсати Олии ҲНИТ:

“Шумо дар кадом ҳаракат, ҳизб ё созмоне мемонед ё аз он хориҷ мешавед, ҳаққи маънавии шумост. Аммо ин ки мегӯед исломи сиёсӣ ба бунбаст мерасад, дуруст нест. Лоақал шумо ин ҳақро надоред, ки баъди баромадан аз як ҳизби характери динидошта эълон бидоред, ки исломи сиёсӣ тобуташ омода шудааст”.

Абдуллоҳ Оқилзода:

“Диққат дар таъбир! Ислом дини яклухт аст. Ба сиёсӣ ва ғайрисиёсӣ ҷудо намешавад. Ҳеҷ ҷузъи ин дини пок ба бунбаст дучор намегардад. Ин мо ҳастем, ки ба бунбаст дучор мешавем”.

Истеъфои ин ду аъзои Раёсати олии ҲНИТ замоне сурат мегирад, ки чанд моҳ пеш Муҳаммадиқболи Садриддин, узви ин ҳизб, ба нишони эътироз ба ислоҳоти дохили ҲНИТ истеъфо дода, ҷунбиши “Ислоҳотхоҳон”-ро таъсис намуд. Аз замони баста шудани ҲНИТ дар соли 2015 бошад, собиқ муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадкарими Орзу низ истеъфояшро дар тӯйи писараш дар шаҳри Венаи Утриш эълон карда буд.

Тобистони соли ҷорӣ ҲНИТ бо ислоҳоти сохторӣ ва қабули оинномаи нав интихобот баргузор кард ва Муҳиддин Кабириро барои чор соли дигар интихоб намуд. Инчунин интихоби се муовин ва ворид кардани чанд нафар ба узвияти Раёсати олӣ сурат гирифт. Маълум нест, ки истеъфои сухангӯ ва масъули равобити хориҷӣ натиҷаи ҳамин ислоҳот аст ё на. Замон нишон хоҳад дод, ки ин ислоҳот ҲНИТ-ро ба куҷо мебарад ва ба чӣ хоҳад анҷомид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Паём чӣ паём дошт?

Паёми ғайришаффоф. Стротежии милии рушд тайи се сол такмил мешавад?

Дар паси деворҳои симхорӣ чӣ мегузарад? Зиндонҳои Тоҷикистон ва бозӣ бо тақдири мардум

Мақомоти Тоҷикистон кӯшиш мекунанд дар бораи вазъияти дохилии зиндонҳо шарҳи зиёде надиҳанд.

Собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз зиндон озод шуд

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ва яке аз мухолифони Эмомалӣ Раҳмон аз зиндон озод шуд.

Таҳримҳои Аврупо бар зидди бонкҳои Тоҷикистон

Интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷик аз Русия тавассути бонкҳо ҳанӯз дучори мушкили ҷиддӣ нашудааст.