13.9 C
Dushanbe

Ба қадри Далер ва “далерон” бояд расид!

Раҳмонуф ва пайравонаш бояд донанд, ки рӯзе мерасаду ҳамватанон қадри ҳама Далеронро гиромӣ дошта, дар ивази чор нафар чил ҳазор нафар ба мубориза бархеста, қасоси ҳама озодихоҳонро аз “ҷаноб” ва пайравонаш меситонанд.

Ҳар нафаре дар ҳаёти худ борҳо дар чунин ҳолатҳо гирифтор шудааст, ҷое, ки бояд ҳарф мезад, хомӯш истод, ҳаққашро талаб мекард, сокит монд, замони дифоъ аз худ ва наздиконаш ақибнишинӣ намуд, лаҳзаи исрору истодагарӣ бетарафиро пеша кард. Ҳолатҳои зикршударо ба ибораи дигар тарс мегӯянд ва ин хоси ҳар инсон буда, дар нафаре кам ва дигаре зиёдтар намоён мегардад.

Нафаре, ки аз тарс ҳаққашро талаб намекунад, баъд аз муддате пушаймон шуда, маломатомез ба худаш мегӯяд, агар каме боҷасорат рафтор мекардам, шояд ба хостаҳоям мерасидам. Яъне, барои ҷасур будан ва ба мақсадҳо ноил шудан каме устувор будан лозим аст. Бузурге мегӯяд: “Шуҷоъ ва далер нафарест, ки дар ҳолати тарс каме зиёдтар аз дигарон истодагарӣ менамояд”.

Шуҷоат дар асл  сифати волоест, ки ахлоқ ва қадри инсонро комил намуда, дар пешрафти зиндагии ҳар фард ва ҷомеаи башарӣ нақши муҳимеро мебозад. Нафарони шуҷоъ зиндагии боиззату шарафмандонаро ба худ ва атрофиёнашон раво медонанд ва баръакси онҳо бешарафоне мисли “пешво” ва пайравонаш зиндагии ғуломонаро ихтиёр намуда, дигарҳоро мисли худ чоплусу хидматгору хоҷадор дидан мехоҳанд.

Ҷасорати инсонҳо аз ҳолати физикӣ дида, ба ҳолати равонии инсонҳо вобастагии зиёд дорад. Таърих ҳам гувоҳ аст, ки муборизони озодихоҳе, мисли Маҳатма Ганди ва Нелсон Мандела, ки дар тағйири ҳаёти ҳамватанонашон саҳми арзанда дошта, номашонро дар лавҳаи таърихи миллати хеш ва дигар миллатҳо навишта кардаанд, нафарони варзишӣ набуда, балки шахсиятҳои озодтабиат, қавиирода ва боварибахш ба ояндаи нек буданд.

Бояд гуфт, ки таърихи миллати мо ҳам аз озодихоҳони шуҷоатманд холи нест ва роҳи муборизаи онҳо илҳомбахши ҷасорату ҷавонмардии ҳар як шаҳрванд шуда метавонад.

Барои асоснок кардани навишатаҳо ба умқи таърих нарафта, назар ба шуҷоату ҷавонмардии Далеру далерони ҳамсафаш намоем, бамавриду ибратпазир хоҳад буд. Ин чор тан рузноманигори далер дар Ватан кореро анҷом доданд, ки дар чанд соли охир қариб ба гӯшаи  фаромушӣ расида буд. Мардуми зери тарсу шиканҷа қарор гирифта ҳеҷ бовар карда наметавонистанд, ки дар Тоҷикистон сухани ҳақ гуфта шавад ва шахси ҳақталаб дар амну озодӣ бимонад. Чунки дар мудати сӣ соли ҳукумати Раҳмонуф ҳама ҷавонмардону ҳақталабони миллат аз дасти ин режем, кушта шудаанд ё паси панҷара рафтанд ё тарки Ватан намудаанд.
Бинобар ин, дар ибтидо ба амлакардаи онҳо ба шубҳа нигариста, журналистонро нафарони ҳукуматӣ, тарғибгари “Рустами пасво” ва ҷамкунандагони лайкҳои блогерӣ ном мегирифтанд. Локин бо мурури замон ин ҷавонмардон аз тоифаи озодагон будани худро исбот намуда, қолаби тарсу ноумедиро шикастанд. Рӯзноманигорони шуҷоъ дар доираи қонунҳои мавҷуда масъулияти касбӣ ва шаҳрвандиашонро анҷом дода, аз камбудиҳои рӯзмараи сокинон ва каромату баробарҳуқуқии шаҳрвандон ва бемасулиятии мансабдорон суханҳо мегуфтанд.

Дар ҷомеаи мо, ки ҳақгӯӣ ва ҳақталабӣ хислати хело нодир ба шумор меравад, амалкарди ин ҷавонмардон ба зудӣ дар байни ҷомеа паҳн гардида, тарафдори зиёдеро пайдо кард. Дастовардҳо ва корнамоиҳои Далеру Абдуллоҳ ва Абдусаттору Завқибек ба ҳамагон возеҳ аст, локин ин ҷо ба яке аз хизматҳои пурарзиши эшон ва дигар муборизони зиндонӣ ишора менамоем. Ин ҳам бошад бедор кардани арзишҳои хоси миллатамон мебошад, ки доим аз тарафи режими Раҳмонуф буғӣ карда мешавад, то ба нобудӣ расонида шавад. Арзишҳои бедоршудаи миллат:  

  1. Муаллим, диндор ва худопарсат, на бедуну бесаводу пешвопараст;
  2. Озодихоҳ, сарбаланду шуҷоъ, на ғуломтабиату нохалафу сарпаст;
  3. Ҳақталаб, ҳақгӯй, бошараф, на чоплус, тарсу ва бешараф;
  4. Таърихсоз, соҳибватан, бофарҳанг, на таърихсӯзи беватани бефарҳанг;
  5. Ворисони ҳақиқии Бухорӣ, Сино ва оли Сомонии тоҷдор, на ворисони “пешво” ва пасвоёни дигар.

Қобили зикр аст, ки режими Раҳмонуф дар сурати ҳар озодандеш ва ҳақталаб хатари аз байн рафтани қудрати хонаводагиашро мебинад ва барои хомӯш кардани шӯълаи ҷасорати шаҳрвандон ба гуфтаи худаш “чораҳои зарурӣ ва безарар гардонӣ”-ро ба кор мебарад. Аз маҳбубияту фаъолиятҳои ин рӯзноманигорон ҳам “пешво”ва чоплусонаш эҳсоси бедории миллат намуданд ва дар таърихи 15 июн Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва рузҳои 8-9 июл Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро ба монанди муборизони қаблӣ бо туҳматҳои сохта дастгиру шиканҷа намуда, равонаи зиндон карданд.

Локин Раҳмонуф ва пайравонаш бояд донанд, ки дар ин миллат аз сари нав озодихоҳӣ ва ҷасорат ба ҷӯш омадаст ва бо итминони комил гуфта метавонем, рӯзе мерасаду ҳамватанон қадри ҳама Далеронро гиромӣ дошта, дар ивази чор нафар чил ҳазор нафар ба мубориза бархеста, қасоси ҳама озодихоҳону бошарафонро аз “ҷаноб” ва пайравонаш меситонанд ва оқибат решаи зулму ситам аз ин сарзамин барчида мешавад. Ба гуфтаи шоир:

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад;
Агар сӯзад шабе сӯзад, шаби дигар намесӯзад.

Ҳамватани гиромӣ, барои он ки ба мақсад бирасем ва зиндагонии бокаромат дошта бошем, каме ҷасорат лозим аст, то битавонем даври роҳбаре ҷамъ шавем, ки аз арзишҳои миллӣ ва динӣ бархурдор буда, соҳиби шуҷоати маънавӣ ва фикрӣ бошад, инчунин дар сарнагун кардани режими Раҳмонуф иродаи қавӣ ва нақшаҳои стратегиро доро бошад ва умедворем, ки миллати мо аз чунин роҳбарон кам нестанд. Фақат каме ҷасорат лозим!

Салмон Саидзода

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.