23.9 C
Dushanbe

Ба хидмати ҳарбӣ бурда ба даҳонаш оби ҷӯш рехтанд

Cарбози тоҷик, Баҳовуддин Юсупов

Сокини 26 солаи деҳаи Чапаеви ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён (Бохтари собиқ) Баҳовуддин Юсуфов, ки санаи 20-уми октябри соли равон ба хидматаи ҳарбӣ бурда шуда буд, дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол додаанд.

Наздиконаш иддао доранд, ки фарзандашонро лату кӯб ва дар гулӯяш оби ҷӯш рехтаанд, вале мақомот гуфтаанд, ки ҳангоми ба артиш ҷалб гардиданаш бемор будааст. Гуфта мешавад, ин сарбоз дар як қисми низоми дар шаҳри Ҳисор қарор доштааст.

Рӯзи 29 – уми ноябр Абдулҳафиз Юсупов падари ин сарбоз ба Радиои Озодӣ гуфтааст, 18 рӯз пеш хабар ёфтем, ки писарамро бистарӣ кардаанд, вақте ба дидорбиниаш ба беморхона рафтем, ӯ сӯҳбат карда наметавонист, вале ишора мекард, ки сар ва даҳонаш осеб дидааст.

“Лабҳои писарам сиёҳ шуда буд. Вақте пиёлаи оби ҷушро тарафаш бурдам, тарсид ва ишора кард, ки обро дур кунем. Сахт аз оби ҷуш метарсад. Тамоман гап намезанад ва вақте пурсидам, ки чӣ гап шудааст, фақат ишора кард, ки сараш осеб дидааст ва ба тарафи ҳалқаш ишора кард”, – гуфтааст падари ин сарбози маҷруҳшуда.

Капитан Ғозиев як масъули қисми низомӣ дар ноҳияи Ҳисор мегӯяд, “сарбоз пеш аз ҷалб шуданаш ба артиш беморӣ доштааст ва ӯро ҳоло ба госпитал бурдаанд”.

Вале Меҳрубон Юсупов, бародари ин сарбоз, иброз дошт, ки бародарашро дар қисми низомӣ мавриди лату куб қарор дода, оби ҷӯшомадаро дар даҳонаш рехтаанд. Масъулини қисми низомӣ иддаои лату кӯб ва оби ҷӯш рехтан ба гулӯи сарбозро рад мекунанд.

Ҳамчунин волидайни сарбоз гуфтаанд, ки воқеан вазъи сиҳатии писарашон пеш аз ҷалб шудан ба сафи артиш хуб набуд, аммо пизишкон хулоса додаанд, ки ӯ сиҳат аст.

Лату кӯби сарбозон дар Тоҷикистон мавзӯи нав нест, тӯли чанд сол аст, ки ин ҳолат идома дорад. То ба имрӯз ҳеҷ натиҷаи чашмрасе дар ин самт дида намешавад. Чанд сол пеш дар артиш Шаҳбол Мирзоевро лату кӯб намуда буданд, ки аз по афтоду ба як ҳолати вазнин гирфтор шуд ва ҳоло ҳам аз ҷояш хеста наметавонаду маъюб шудааст.

Бино ба иттилои “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”- як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳҳо ҳолати лату кӯб шудани сарбозон ва даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шуда ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозони болоӣ рух додааст.

Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2018 Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Боқизодаи 20-соларо барои аз беэҳтиётӣ паррондани ҳамхидматаш Алӣ Мирзоеви 26-сола аз озодӣ маҳрум кард.

Моҳи июни соли гузашта Додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Мӯҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли ҳамхидматаш Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, барои 10 сол равонаи зиндон кард.

Додгоҳи низомии Хатлон моҳи октябр низ як афсар ва се сарбозро барои ба марг расонидани Рамазон Зоиров, сарбози як қисми низомӣ дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ аз ҳафт то нӯҳ то солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Даҳҳо мавриди лату кӯб ва ё ба қатл расонидани сарбозон дар қисмҳои низомиро мисол задан мумкин аст, вале дар бештар маврид мақомот ин ҳолатрҳоро рад намуда, ба худкӯшӣ ё ба беморӣ рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.