7.9 C
Dushanbe

Ба тоҷик чӣ шудааст?

Вақте замзамаҳои ҳодисаи хунин ва мудҳиши ду инфиҷор дар шаҳри Кирмони Ирон ба гӯшҳо расид, нохост ва нохудогоҳ дар кунҷи дили бисёре аз ҳолдонон ваҳму тарсе омад, шояд тоҷике ё чанде аз тоҷикон аз омилони ҳодиса бошанд. Чанде нагузашта буд, ки эълом шуд, як тоҷикистонӣ дар анҷоми ин ҳодисаи оғушта ба хун даст доштааст. Шӯрбахтона, тахмини ин ҳисси ом (common sense) аз об дуруст баромад.

Бори нахуст аст, ки тоҷик худро то ба ин ҳад дар ҳолати ногувору нохушоянд меёбад. Чӣ тавр ворисони Ибни Синову Ҳофиз ва Румию Рудакӣ ва ворисони садҳо тан аз фарзонагони башарият доранд бар барчаспи ифротият маъруф мешаванд? Агар ҷавонони тоҷик дар як ё ду ҳодисаҳои террористӣ даст медоштанд, мегуфтем, ки аз дигар миллатҳо низ дар ин гурӯҳҳо ҳастанд, вале кор аз ин ҳад убур кардааст ва мутаассифона, дорад бо мурури замон ба як падидаи ҷадид табдил мешавад.

Миллате, ки дар тӯли таърих ба ҳамзистии мусолиматомез (Peaceful coexistence) на танҳо машҳур аст, балки бисёре аз сарзаминҳои аслии худро ба сабаби муболаға дар ҳамзистии мусолиматомез ба ҳамсоягонаш бохтааст, имрӯз дорад оҳиста-оҳиста барчаспи нописандидатар аз барчаспи манфии “Равшану Ҷамшуд”-ро касб мекунад.

Худам беш аз 15 сол дар Покистон будам, кишваре, ки дар он гурӯҳҳои мухталифи динӣ, мисли Алқоидаву ғайра фаъол буданд ва он ҳам дар замоне ки авзоъи гео-политикии минтақа дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ ва интиҳои ҷанги сард меҷӯшид. Шоҳиди он будам, ки ҳазорҳо ҷавони тоҷик дар Покистон бо вуҷуди шароити сахти иқтисодӣ ва бо вуҷуди ваъдаҳои додани имтиёзҳои моддӣ дар сурати пайвастан ва таблиғоти густурда ба гурӯҳҳои тундрав шомил нашуданд. Аз соли 1993 то 2001 ҳудуди 2 то 3 ҳазор ҷавони тоҷик дар Покистон буд ва тақрибан нисфи онҳо дар Пишовар буданд, минтақае, ки аз ҳама манотиқ дида меҷӯшид ва гурӯҳҳои тундрав онҷо фаъол ва машғули ҷазби аъзои ҷадид аз ҳисоби ҷавонон буданд. Аммо бовар мекунед, адади тоҷиконе, ки ба ин гурӯҳҳо шомил шуданд, ба адади ангуштони даст буданд. Дар умум, тоҷикон дар Покистон сумъаи хубе доштанд ва ҳамчун миллате дорои камтарин гароиш ба гурӯҳҳои тундраву ифротӣ маъруф буданд ва мо аз ин ифтихор мекардем.

Вақте ҳодисаи 11-уми сентябри 2001 дар Ню-Йорки ИМА рух дод, мо дар ҳамкорӣ бо СММ ва сафорати Тоҷикистон дар Покистон ва мақомоти покистонӣ беш аз 2 ҳазор ҷавони тоҷикро, ки дар маърази хатари билқувваи ҷазб ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ин кишвар буданд, аз Покистон ба Тоҷикистон интиқол додем.

Як дӯсти соҳибназаре дорам, ки назарҳояш хеле муътабар аст, ҳамеша мегуфт: “Тоҷик террорист намешавад ва бовар накунед ҳар касеро, ки мегӯяд, ададе аз тоҷикон ба ДОИШ пайвастанд.” Агар далеле ҳам ба ӯ меовардам, мегуфт, шояд ин як ҳолати истисно аст. Акнун намедонам, ӯ ҳоло чӣ хоҳад гуфт.

Ба тоҷик дар Русия ва бархе кишварҳои пасошуравӣ барчаспи “Равшану Ҷамшуд” мезаданд, ҳоло оҳиста-оҳиста бар мо дорад барчаспи номатлуби ҷадиде “ифротият” зада мешавад. Аммо ин даъфа на танҳо дар миқёси кишварҳои собиқ Шӯравӣ, балки дар кишварҳои минтақаву ғарбӣ ва тамоми дунё. Ҳамчунин, ин бор масъала барчаспи “ифротият”-и дохилӣ тавассути тарафе ба тарафи дигар бар асоси манофеъи сиёсӣ нест, балки ба маънои воқеъии калима ва масъала ҷиддӣ аст.

Миллати тоҷик мисли ҳар миллати соҳибфарҳанг метавонад дар як мақтаъи замонӣ шароити сахти иқтисодию иҷтимоиро – мисли ҳамин замони мобаъди истиқлол – аз сар бигзаронад, аммо даст доштани фарзандони ин миллат ба таври чашмгир ва бештар аз ҳадди мутавассит дар ҳодисаҳои террористӣ масъалаи соддае нест, ҷои фикр кардан дорад, ба унвони як миллат, на ҳамчун гурӯҳе ё тарафе сиёсӣ ё динӣ ё на бар асоси таассуботи маҳаллӣ.

Аз ҳамин сабаб буд, ки вақте эълом шуд, дар ҳодисаи оғуштахуни Кирмон як тоҷикистонӣ даст доштааст, сарусадоҳое аз тарафи тоҷикон қариб аз ҳама гароишҳои динию сиёсӣ – чӣ дар шакли нигошта ва чӣ дар коментҳо – дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд шуд ва нигаронии худро ба шакле баён карданд. Аммо, мисли ҳамеша, ҳар кас ба масъала аз зовияи гароишҳои динӣ, ё сиёсӣ ё иҷтимоӣ ё маҳаллии хеш нигаристанд ва аз ин зовияҳои танг ҷӯёи авомили бурузи ин падидаи шум шуданд.

Миллатҳои бузургу қавӣ вақте мувоҷеҳи таҳдид ё падидаи номатлуби фаромиллӣ мешаванд, ихтилофоту кашмокашҳо бар мабнои гароишоту тамоюлоти сиёсию динӣ ва таассуботи маҳаллию қавмиро дар он масъалаи мушаххас канор гузошта, саъй мекунанд, авомили аслӣ ва заминаҳои он таҳдид ва падидаи номатлуби фаромиллиро бидуни ғараз биомӯзанд ва роҳҳои пешгирӣ аз онро дар сутуҳи мухталиф матраҳ бикунанд.

Ҳоло бештар аз ҳар замони дигар вақти он расидааст, ки тоҷикон авомили аслии гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро беғаразона биомӯзанд ва ба худ ҷиддан суол кунанд, ба онҳо чӣ шудааст, ки доранд аз минтақаи ҳамзистии мусолиматомез фосила мегиранд.

Ва ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар суоли талх, аммо воқеъбинона, худро ба таври густурда матраҳ мекунад: Ба тоҷик чӣ шудааст?

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Вена

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.