25.9 C
Dushanbe

“Ба Тоҷикистон наёед!” — ноумедии афғонҳо аз кишвари дӯст

Як блогери ҷавони афғон, бо номи Амир Раҷабӣ, ки бо ҳадафи сайру саёҳат ба Тоҷикистон омада буд, бо лаҳне шадид аз рафтори мақомот интиқод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, новобаста ба доштани ҳуҷҷатҳои расмӣ, аз ҷумла шиноснома ва раводид, аз қаламрави Тоҷикистон депорт шудааст.

Ин блогер, ки навори видеоии шикояти худро дар саҳифаи Instagram нашр намудааст, мегӯяд, баъд аз ин ки ба Тоҷикистон расидаанд, субҳи барвақт кормандони мақомоти Тоҷикистон ба меҳмонхонае, ки ӯ ва ҳамватанонаш дар он ҷо иқомат доштанд, ворид шуда, ҳуҷҷатҳои ҳамаи шаҳрвандони Афғонистонро ҷамъоварӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, “пас аз се рӯз, мо ҳама депорт шудем — ҳатто хонаводае, ки ҳамроҳи кӯдаки хурдсолашон нав як рӯз пеш ба Тоҷикистон омада буданд”. Вай афзудас, “Ҳукумати Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, ки афғонҳо дар пойтахт зиндагӣ кунанд ва зисти онҳоро бо шиддат зери назорат гирифтааст”.

Блогер таъкид мекунад, ки ҳатто шаҳрвандони афғонеро, ки бо харҷи аз 1300, то 1500 доллар раводид гирифта ба Тоҷикистон омадаанд, низ ихроҷ мекунанд. Ӯ дар паёми худ хитоб ба ҳамватанонаш гуфт: “Аслан ба Тоҷикистон наёед, инҷо ҷои хубе нест, шуморо ҳатто бо ҳуҷҷати қонунӣ депорт мекунанд”.

Дар ҳами ҳол, маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави кишвар дар моҳҳои охир афзоиш ёфтааст ва бархе аз онҳо ба таври ғайриқонунӣ вориди кишвар мешаванд ё қоидаҳои будубошро дағалона вайрон мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон бидуни он, ки аз шаҳрвандони кишваре ба таври мушаххас ном бибаранд, иддаъо доранд, бархе шаҳрвандони хориҷӣ дар фаъолиятҳои мухталифе даст доранд, ки қонунҳои Тоҷикистонро поймол мекунанд. Аз ҷумла, мақомоти амниятӣ онҳоро ба ташвиқ ва тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои ифротгароёна, тақаллуби ҳуҷҷатҳо барои дарёфти мақоми гурезагӣ, вайрон кардани низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари сеюм, истифода бурдани Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мекунанд. Ва акнун яке аз сабабҳои аз кишвар хориҷ кардани теъдоди муайяни шаҳрвандони Афғонистон низ ба ҳамин масъалаҳо рабт дорад, омадааст, дар хабари расмӣ.

Ҳукумати Эмомали Раҳмон, ки солҳо худро яке аз тарафдорони мардум ва гурезагони афғон муаррифӣ мекард, дар пасманзари ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирон ва рондани мухолифони режими Толибон аз қаламрави кишвар, ба назар мерасад, муносибати худро нисбат ба масоили Афғонистон тағйир додааст.

Дар гузашта борҳо шаҳрвандони Афғонистон, аз ҷумла фаъолони сиёсӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, Тоҷикистонро ҳамчун “амнтарин ва дӯсттарин кишвар барои гурезагони афғон” мешумориданд. Онҳо Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҳамчун “раҳбари ҳомии мардуми Афғонистон” тавсиф мекарданд ва барномаҳои ҳукумати ӯро ба унвони намунаи бародарӣ байни ду миллат таъриф менамуданд.

Аммо, имрӯз, дар байни бисёре аз тоҷикҳо ва форсизабонони Афғонистон, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ ва пас аз омадани Толибон ба Тоҷикистон умед баста буданд, эҳсоси ноумедӣ ва рӯйгардонӣ аз сиёсатҳои Душанбе эҳсос мешавад.

“Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои зиёд бо истифода аз мавқеъи ҳамдардӣ бо мардуми Афғонистон барои худ имиҷи як раҳбари одил месохт. Аммо рӯйдодҳои ахир нишон доданд, ки манфиатҳои сиёсӣ бар ваъдаҳои ахлоқӣ бартарӣ доранд,” мегӯяд, як таҳлилгари афғон.

Дар гузашта низ гузоришҳое дар бораи депортатсияи шаҳрвандони афғон дар расонаҳо нашр шуда буд, ки боиси нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гардида буданд.Мавзӯи муносибат бо паноҳҷӯён ва муҳоҷирони афғон, бахусус баъд аз таҳаввулоти сиёсӣ дар Афғонистон, дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя мавзӯи баҳси рӯз гаштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳайати уломои ансор муҳосираи Ғаззаро шикастан мехоҳад

Ҳайати ҷаҳонии уламои Ансори Паёмбар (с) бо нашри як...

Оғози мурофиаи додгоҳии гумонбарони ҳамла ба “Крокус”

Нуздаҳ нафаре, ки дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии...

Камбуди ронанда дар Хабаровск

Мақомот дар вилояти Хабаровски Русия эҳтимол дорад қарори қаблан...

Изҳороти зидду нақизи раиси оҷонсӣ

Дар идомаи сиёсатҳои маҳдудсозии озодиҳои динии шаҳрвандон дар Тоҷикистон...