25.9 C
Dushanbe

Ба Тоҷикистон зиёда аз 300 миллион доллар кумаки бебозгашт мешавад

Бонки осиёии рушд (БОР) нақша дорад, дар  давоми солҳои 2021 — 2023 ба Тоҷикистон 323 миллион доллар ба шакли грант кумак  пешниҳод намояд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба дафтари матбуоти намояндагии ин бонк дар Душанбе хабар додааст.

Татяна Евстифеева сухангӯи матбуотӣ ин ниҳод ба АМИТ «Ховар» гуфтааст: «БОР ба Тоҷикистон дар се соли оянда 323 миллион доллар хоҳад дод, то ки барои қонеъкардани ниёзҳои рушди кишвар мутобиқи нақшаи тиҷоратии таҷдидшудаи амалиётҳои бонк дар мамлакат  кумак мерасонад».

Ба гуфти ӯ, илова бар ин, дар давраи мазкур ҷудо намудани  5,25 миллион доллар дар шакли кумаки техникӣ барои гирифтани дониш ва омодасозии лоиҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар нақшабарои солҳои 2021-2023 лоиҳаҳо оид ба беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва идоракунии захираҳои об, инчунин оид ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва бахши энергетика  шомилмебошанд.

Ҳамчунин лоиҳаҳо  дарбахшҳои рушди соҳаи тандурустӣ,  сайёҳӣ, такомули бахши молиявӣ, баланд бардоштани устуворӣ дар муқобили офатҳои табиӣ ва беҳтар намудани бахши роҳҳо  гуфта шудааст.

Ҳамчунин дар назар аст дар соли 2020 кумаки маҷмӯии БОР ба Тоҷикистон 320 миллион доллар дар шакли грант, ба шумули лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии бахши давлатӣ, маориф ва энергетика хоҳад буд.

Инчунин  як бастаи вокуниши таъҷилӣ ба COVID-19 дар ҳаҷми  52,5 миллион доллар низ шомил мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 ба узвияти Бонки Осиёии Рушд шомил гардидаааст. Аз он замон то ҳол аз бонки мазкур дар ҳаҷми зиёда аз 1,9 миллиард доллар кумак гирифтааст, ки 1,4 миллиард доллари онро грантҳо ташкил медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.