Ба ҳукми зиндони Чоршанбе боз 4 соли дигар изофа карданд

Мақомоти Тоҷикистон ба ҳукми зиндони варзишкори зодаи Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев боз чор соли дигар илова кардаанд.

Бино ба иттилои рӯзноманигори шинохта Анора Саркова, муҳокима дар СИЗО-и шаҳри Душанбе, паси дарҳои баста, бидуни ширкати вакили мудофеъ ва бидуни огоҳии наздикони Чоршанбеи 29-сола сурат гирифтааст.

Додрас ин варзишкори шинохтаро ба қисми 2-и моддаи 332-и Кодекси ҷиноятии кишвар (Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд) гунаҳкор донистааст.

Ин ҳукми дувуми Чоршанбе Чоршанбиев аст, аммо ҳақиқат доштани судури ҷиноят ва ё ангезаи ин кор чӣ будааст, маълум нест. Дар умум ҳукми зиндони ӯ 12,5 сол шуд ва акнун ҳудуди 10 зиоли дигар дар зиндон хоҳад монд.

Ӯ рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро дар моҳи майи соли 2022 бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет ба 8,5 соли зиндон маҳкум карда буданд. Ва ҳоло 4 соли дигар илова шуд. Худи Чоршанбиев ва наздиконаш ҳамаи иттиҳомро рад мекунанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон Чоршанбиевро барои як паёми видеоияш, ки аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки қонун ва тартибро риоя намуда, даст аз куштор ва саркӯби мардуми помир бардоранд, ҷазо додаанд.

Ин варзишкори шинохта аввал дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекард ва чанд маротиба ба “ШИЗО” ва “картсер” интиқол ёфтааст, аммо дертар мақомот ӯро ба СИЗО-и шаҳри Душанбе интиқол дода, дар маҳбаси низомаш пӯшида ва махсуси маъруф ба “критий” ҷойгир кардаанд.

Рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова дар истинод ба манобеаш аз Сарраёсати маҳбасҳо менависад, ки ба мудирияти зиндонҳо дастур дода шудааст, ки амдан Чоршанбе Чоршанбиевро таҳрик кунанд, то ӯ даст ба амале занад ва мақомот баҳонае барои ҳукми ӯро бештар кардан дошта бошанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳукми нави Чоршанбе Чоршанбиевро шарҳ надодаанд ва назари худи ӯву наздиконаш низ расонаӣ нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.