7.9 C
Dushanbe

Ба вуҷуд омадани танишҳо байни Эрону Ироқ

Ба дунболи ҳамлаи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ба Арбили Курдистони Ироқ байни Бағдоду Теҳрон танише ба вуҷуд омадааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 16-уми январи соли 2024 Вазорати корҳои хориҷии Ироқ Насир Абдулмуҳсин, сафири худ дар Эронро барои машварат аз Теҳрон ба Бағдод фаро хондааст.

Вазорати хориҷии Ироқ сабаби бозхонии сафири худ дар Эронро “барои машварат” унвон кардааст. Гуфта мешавад, пас аз ҳамлаҳои ахири Эрон ба Арбили Курдистон 4 нафар ҷон бохтаву 6 каси дигар захмӣ шудааст.

Ба қавли Вазорати корҳои хориҷии Ироқ, ҳукумати ин кишвар ҳамлаи Эронро “таҷовуз ба истиқлолияти Ироқ ва амнияти мардуми он ва сӯиистифода аз ҳамсоягии нек медонад.”

Нахуствазири минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ Масрур Боризонӣ ҳам вуҷуди мақарри ҷосусии Мусоди Исроил дар Арбилро рад карда, Эронро ба он муттаҳам кард, ки дар ин ҳамлаҳо шаҳрвадони мулкиро мавриди ҳадаф қарор додааст.

Инчунин Ироқ бо ташкил як Кумитаи таҳқиқотӣ дар ин бора мехоҳад, ки дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон шикоят кунад. Қосим Алаъраҷӣ, мушовири Амнияти миллии Ироқ ҳам дар раъси ҳайате барои таҳқиқ ва баррасии ҷузъиёти ин ҳодиса аз Бағдод ба Арбили фиристода шудаанд.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ба сабаби ҳамлаҳои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ба Арбили Курдистон, Абулфазл Азизӣ, сафири Эрон дар Ироқро низ фаро хонда, ба вай нотаи эътирозӣ супоридааст.

Аз сӯи дигар Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам ин ҳамларо дар дифоъ аз истиқлоли худ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва зидди терруристҳое, ки суботи ин кишварро халалдор кардан мехостан, хондааст.

Хабаргузории расмии Эрон ИРНО ҳам бо нашри як гузориши муфассал гуфтааст, ки ин ҳамла “дар посух ба иқдомоти террористии Кирмон ва Росак ва террори сардори Сипоҳ дар Сурия” ба “мақарри ҷосусии сервиси хориҷии режими саҳюнистӣ (Мусод) дар Арбили Курдистони Ироқ” анҷом шудааст.

Ба таъкиди ИРНО, “ҳамлаи мушакии Сипос ба мақарри ҷосусии “Мусод” (-и Исроил) дар Арбил комилан дақиқ ва бенақс анҷом шуда ва дар асари он Пешрав Дизоӣ, ки масъули пуштибонии ин сервиси ҷосусӣ буда, ҳамроҳи чанд нафари дигар ба ҳалокат расидаанд, ки эҳтимолан писарони вай низ ҷузви кушташудагон ҳастанд.”

Гуфта мешавад, дар чанд ҳафтаи ахир дасти кам се ҳамлаи терруристӣ дар Кирмон ва Росаки Сиистон ва Балучистони Эрон анҷом шуд, ки бар асари онҳо зиёда аз 100 нафар кушта ва беш аз 200 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Масъулияти ҳамлаи пурқурбонии Кирмонро ДИИШ бар уҳда гирифта буд. Исроил ҳам гуфта буд, ки сардори Сипоҳ дар Сурияро дар як ҳамла кушта аст. Ба навиштаи расонаҳо, ҳамлаи Росаки Сииситону Балучистон кори дасти худи эрониҳои мухолифи низом будааст.

Бо ин вуҷуд, Вазорати корҳои дохилии Эрон бо нашри чанд иттилоия таъкид карда буд, ки омилони асосӣ ва тарроҳи ҳамлаҳои Кирмон се тан аз шаҳрвандони тоҷикистонии узви ДИИШ буданд. Ҳарсеи онҳо ба сурати ғайрирасмӣ ва бо роҳҳои қочоқӣ вориди хоки ин кишвар шуда буданд.

Аммо мақомоти эронӣ шуруъ аз раҳбари ин кишвар то президенту мақомоти корҳои дохилӣ, Вазорати дифоъ ва Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ ҳам Амрикову Исроилро ба даст доштан дар ин ҳамлаҳо муттаҳам карда, таҳдид карда буданд, ки посухи онҳо дар замон ва макони муносиб дода мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.